Ҷаласа оиди мудофиаи гражданӣ ва баҳисобгирии нерӯҳои ғайриҳарбӣ

14-уми июни соли 2018 дар асоси нақша- чорабиниҳои соли 2018, дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ ва баҳисобгирии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд. Хамчунин аз тарафи Сардори мудофиаи граждании Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷаласа бо хайати коргарон гузаронида шуд.

Муфассал...

Санҷиши дониши донишҷӯён дар Маркази тестии Донишкада

Аз 21 майи соли 2018 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон давраи санҷиши дониши донишҷӯён дар Маркази тестии Донишкада оғоз ёфт. Санҷишҳо дар синфхонаҳои компютерӣ, тибқи талаботи Низомномаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, гузаронида мешаванд.

Муфассал...

Озмуни вилоятии “Рӯзғордорӣ” бахшида ба "Соли рушди саёҳий ва ҳунарҳои мардумӣ"

Рӯзи 15 майи соли2018 Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар озмуни вилоятии “Рӯзғордорӣ” бахшида ба “Соли рушди саёҳий ва ҳунарҳои мардумӣ “ гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур хӯрокҳои миллии қадима ва муосири халқи тоҷик, ки аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳо ва донишкадаҳои вилоят омода шуда буданд, мавриди тамошо қарор доштанд .

Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти озмун донишҷӯдухтарони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷоӣи аввалро сазовор гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд, ки боиси ифтихори аҳли коллективи Донишкада мебошад.

Муфассал...

Робитаҳои дуҷонибаи илмиву тарбиявӣ

Рӯзи 23 майи соли 2018 бо мақсади шинос шудан бо раванди таълим ва шароити ташкили он дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва ба имзо расонидани созишнома дар бораи робитаҳои дуҷонибаи илмиву тарбиявӣ миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ғарбии Аттика- и давлати Юнон, намояндагони ин Донишгоҳ ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар рафти ин сафари худ профессори Донишгоҳи Ғарбии Аттика- и давлати Юнон ҷаноби Петрос Астопулус бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон шароити муътадили замонавии таълиму тарбия муҳайё карда шудааст ва Донишгоҳи Ғарбии Аттика- и давлати Юнон барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон омода мебошад.

Муфассал...

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавононон

Рӯзи 22 майи соли 2018 дар ДЭТ бахшида ба “Рӯзи ҷавононони Тоҷикистон “чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ансамбли “Нигин”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон баргузор шуд. Чорабинӣ ба як ҳамоиши ҳамдилии ҷавонони Донишкада, ҷиҳати омодагии онҳо ба посдории арзишҳову муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон, табдил ёфт. Ҳамчунин, баъди анҷоми чорабинии мазкур ғолибони мусобиқаи варзишии донишкадавӣ, ки дар ин чорабинӣ ширкат доштанд, бо Ифтихорномаву мукофотҳои Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкада сарфароз гардонида шуданд.

Муфассал...

Конференсияи байналмилалии илмӣ

Бо мақсади иштирок намудан дар Конференсияи байналмилалии илмӣ, ки рӯзҳои 15-16 маи соли 2018 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баргузор мегардад, устоди Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон Обозов А.Ҷ. бо сафари корӣ ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ин сафар шиносоии Обозов А.Ҷ. бо шароити таълим дар Донишкада ва баргузории гуфтушунидҳо бо роҳбарияти ДЭТ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои барои тарафҳо судманд, пешбинӣ шудаанд.

Муфассал...

Вохурӣ бо довталабон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус

Гурӯҳҳои таблиғотии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояту ҷумҳурӣ идома дода истодаанд. Ҳамин тавр як ҳайати корӣ бо роҳбарии мушовири ректори Донишкада дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус ба донишҷӯёни оянда оиди шарту шароитҳои таҳсилу зист дар ин Донишкада маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Танҳо дар ин се ноҳия дар вохӯриву суҳбатҳо зиёда аз 700 хатмкунандагон иштирок доштанд, ки дар миёни онҳо хоҳишмандони ба ДЭТ шомил шуданд кам набуданд.

Муфассал...