Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамбастагии Созмони кор бо ҷавонони донишкада Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Муовини аввали Ректор оид ба таълим, идораи сифати таҳсилот ва мобилияти академӣ н.и.п Зувайдуллозода Ф.З., мудири бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Аловуддин Амирзода, Раиси Созмони ҷавонони донишкада Раҷабов Раҷабалӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷом ба омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни донишкада, ки дар татбиқи сиёсати ҷавонон саҳми назаррас гузоштанд, Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тақдим гардид…