Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2022-2023

I. Муқаррароти умумӣ
Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон» таҳия шудааст.
II. Тартиби умумии қабули донишҷӯён
2.1. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.
2.2. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин хориҷиёну шахсони бетабақаи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, баъди гузаштан аз озмун ва пардохти маблағи таҳсил қабул карда мешаванд.
2.3. Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.
2.4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, баъди супоридани имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ва гузаштан аз озмун тибқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷатҳои заруриро месупоранд.
2.5. Қабули довталабони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмун гузашта дар муҳлати муқарраршуда дар комиссияи қабули донишкада амалӣ мегардад.
2.6. Таҳсил дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон рӯзона, ғоибона (фосилавӣ) мебошад.

III. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба донишкада фиристода шудаанд
3.1. Довталабоне, ки имтиҳони марказонидашудаи дохилшавиро супорида, аз озмун бо гирифтани холҳои зарурӣ гузаштаанд, мувофиқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба Комиссияи қабули донишкада пешниҳод намоянд:
• ариза ба номи ректор;
• ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
• маълумотномаи тиббӣ;
• 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
• шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
•билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);
• ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад) – шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ (барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм), хатти вафоти падар ва модар (барои ятимони кулли то синни 21 сола), ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб.
3.2. Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ шомил шудаанд ва тариқи таҳсили шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишкада пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
3.3. Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.
Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ
4.1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи ҶТ ва моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
4.2. Ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории сӯҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз сӯҳбат ва пардохти маблағи таҳсил ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.