Китобхонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Китоб муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, хоса насли  ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад.   Китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои волои миллӣ ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки тавассути он мо ба таъриху тамаддун ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти гузаштагони худ ва осори безаволи онҳо шинос шуда, омӯзиши онро барои рушду такомули ҳаёти маънавии ҷомеа пайваста тарғиб менамоем. Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат иқтисодиёту иҷтимоиёт, маънавиёт ва маорифу фарҳангӣ халқамон беш аз пеш меафзояд  ва эътибори китобхона аз бисёр ҷиҳат ба таҳкими моддию техникии он бо таҷҳизоти техналогияи ҳозиразамон вобаста аст.

Китобхонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷузъи таркибии Донишкада мебошад. Вай ба хадамоти китобдорию библиографӣ, ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва тарбиявии Донишкадаро таъмин намуда, дар баробари он маркази андӯхтани дониш, мулоқоти маънавию фарҳангӣ мебошад. Дар фаъолияти худ китобхона дар доираи баланд гардонидани захираи китобӣ ва таъмин намудани адабиёти лозима барои  мутолиагарон, аз он ҷумла профессорон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёнро муқаррар менамояд.

Айни ҳол дар китобхонаи Донишкада 20950  адад китобҳои анъанавӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора  9419 нусха китобҳои  соҳаи  тахассусӣ, 4466 нусха китобҳои дарсӣ, 3499 нусха дастурҳои таълимии методӣ, 712 нусха китобҳои сиёсӣ, 2000 нусха китобҳои бадеӣ (бо забони русӣ)  ва 854 нусха бо забони тоҷикӣ мебошад.

Дар соли хониши 2022-2023 ба китобхона 175 нусха китобҳои анъанавии ворид карда шудааст, ки 10 нусхааш китоби “Пешвои миллат-эҳёгари тамаддуни тоҷикони ҷаҳон” ва боқимондаро китобҳои тахассусӣ, ташкил медиҳад. Ҳаминро бояд қайд кард, ки ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхона ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб карда шудааст.