Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин шумора ба 527 млрд кВт.соат/солона баробар мебошад. Бо дарназардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317млрд.кВт соат баробар буда, айни замон танҳо4-5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 95 фоиз аз гидроэнергетика ташкил меёбад.

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.

Scroll to Top