Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи I Имомзода Раҳмоналӣ Сайдалӣ ва сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Хатлон мушовири адлияи дараҷаи II Гулмаҳмадзода Ҷалолиддин бо кормандон, омӯзгорону устодон ва донишҷӯён доир гардид.

Пеш аз оғози вохӯрӣ намояндагони Прокуратураи вилояти Хатлон бо дастовардҳои илмию техникии омӯзгорону донишҷӯён дар маркази илмӣ-инноватсионӣ ва рушди истеъдодҳо дидан намуданд.

Зимни мулоқот муовини аввали прокурори вилояти Хатлон муҳтарам Имомзода Р. С., бобати коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, даст назадан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия ва дигар масоили ҳуқуқӣ суханронӣ намуда, инчунин таъкид карданд, ки Раёсати Донишкада, масъулони деканат, кафедраҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои академӣ бояд фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам хубтару самараноктар ба роҳ монанд.

Дар раванди вохӯрии мазкур як қатор омӯзгорону донишҷӯён фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати пурқувват намудани корҳои таблиғотӣ изҳор намуда, ба пурсишҳояшон аз ҷониби муовини аввали прокурори вилояти Хатлон муҳтарам Имомзода Р.С. посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Мушовири ректори Донишкада Ализода А. А., дар баромади худ таъсирбахшу самаранок будани суҳбату муколамаи вохӯрии мазкурро қайд карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, номзади илмҳои кимиё Исозода Диловаршоҳ Тариқ ба муовини аввали прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи I Имомзода Раҳмоналӣ Сайдалӣ ва сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи II Гулмаҳмадзода Ҷалолиддин барои ташкили ин вохӯрии судманд арзи сипос намуда, кормандон ва масъулини донишкадаро барои дар миёни коллектив ва гурӯҳҳои академӣ амалӣ гардонидани нуктаҳои асосии суханронии муҳтарам Имомзода Р. С. дастуру супоришҳо доданд.