Пеш аз оғози вохӯрӣ Раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии атестатсонии назди Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳтарам Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ва кормандони дигари ин муассиса бо шароити таълиму тарбия, синфхонаву озмоишгоҳҳо ва Маркази инноватсионӣ ва парки технологии донишкада ва таҷҳизоти технологии онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуда, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Баъд вохӯрӣ бо иштироки ҳайати олимону унвонҷӯёни донишкада оғоз шуд. Раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (МДКОАПҶТ) муҳтарам Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ва намояндагони дигари ин ниҳодро ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ хайрамақдам гуфта ба ин вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вохӯрӣ дар шакли семинари илмӣ-омӯзишӣ сурат гирифта, муҳтарам Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ тавассути тахтаи электронӣ презентатсияро дар бораи сохтор ва асосҳои низомномаи фаъолияти МДКОА бо маълумоти муфассал ба иштирокдорони вохӯрӣ пешниҳод намуд. Ҳамзамон, раиси КОА таъкид кард, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои илму маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур ва муҳим аст, ки олимону муҳаққиқони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба рушди илму таҳқиқот дар соҳаи техникаву технологияи муосир бештар ва самараноктар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Агарчӣ дастовардҳои олимону муҳақиқони донишкада дар 5 соли охир хеле назаррас бошанд ҳам, дар пеш, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии мамлакат, ҳанӯз корҳо ва кашфиёти зиёд моро интизоранд. Дар ин раванд олимону муҳақиқони донишкада бояд аз базаи моддию техникии хеле хуби озмоишгоҳҳо ва марказҳои инноватсионии мавҷудаи донишкада бояд самаранок истифода баранд, таҳқиқоти илмии худро дар асоси талаботи низомномаи КАО назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд ва натиҷаҳои амалӣ ба даст биоранд.

Дар поёни вохӯрӣ муҳтарам Розиқзода А.Ш. ба саволу дархостҳои иштирокдорон посухи қаноатбахш дода, зикр карданд, ки КОА омода аст, ки дар раванди омодагӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба унвонҷӯёни донишкада тибқи талаботи Қонуну низомномаҳои амалкунанда кӯмаки илмию методӣ расонад. Пеш аз анҷоми ин вохӯрӣ ректор Исозода Д.Т. бо арзи эҳтиром Сипосномаи Раёсати донишкадаро ба унвонии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзандааш дар рушди илму технологияи ватанӣ ва ташаккули ҳайати олимони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ба раиси муҳтарами ин муассиса муҳтарам Розиқзода А.Ш. супорид. Вохӯрӣ-семинари илмӣ-омӯзишии мазкур аз ҷониби иштирокдорони он муфиду саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Аҳмадҷон Ализода,

Мушовири Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Scroll to Top