Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бо донишҷӯёну омӯзгорони донишкада баргузор гардид. Дар суханрониҳои худ намояндагони РМЗҶМ ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оиди пешгирӣ аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, амалҳои номатлуб, хиёнат ба ватан сухан намуда, дӯст доштани ватану миллатро аз гушаи эмондорӣ шумориданд.