Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишка баргузор гардид. Мутахассисон дар баромади худ қайд намуданд, ки омилҳои ба ин гурӯҳ шомилшавии ҷавонон паст будани маърифатнокӣ, дур мондан аз таълиму тарбия, варзиш ва ғайра мебошад.

Аз ин хотир ба донишҷӯён таъкид намуданд, ки ҳеҷ вақт ба ин гурӯҳҳои мамнуъ шомил нашаванд ба донишандӯзӣ ва варзиш машғул шаванд. Дар охир саволу ҷавоб баргузор шуд ва донишҷӯён ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисони соҳа ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва хоҳиш намуданд, ки чунин вохӯриҳо дар миёни донишҷӯён бештар гузаронида шаванд…