Имрӯз вохӯрии Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон н.и.к. муҳтарам Исозода Д.Т. бо иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Ректори донишкада иштирокчиёнро таъкид намуд, ки санаи 29.04.2022 даври донишкадавӣ озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда мешавад. Аз ин лиҳоз ҳамаи донишҷӯёну омӯзгоронро зарур аст, ки то вақти муайяншуда омадагии ҷиддӣ бинанд ва ҳуҷҷатҳои худро омода созанд.
Дар анҷом аз ҷониби иштирокунандагони ҳар номинатсия, ғазалу достонҳо, ҳикоя ва рубоиҳо аз ашъори адибони классик, муосир ва ҷаҳон қироат карда шуд.

Scroll to Top