Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ҶСК “Нерӯгоҳи барқии обии Роғун”, намояндагони Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Бохтар, ноҳияи Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Леваканд ва намояндагони ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син силу Текстил” бо хатмкунандагони Донишкада барои дарёфти мутахассисони варзида, баргузор гардид.

Ин иқдом дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мояи ифтихори сарфарозист, ки ҳамасола бо ташаббуси Сарвари давлат садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ таъмин карда мешавад.

Инчунин хатмкунандагон бо мутахассисони соҳаҳои болозикр сӯҳбату вохӯриҳо гузорониданд, ба Ректори Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон муҳтарам Исозода Д.Т. ва Раёсати агентии меҳнат, шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон барои ташкил намудани ҳамоиш, ки барои ояндаи дурахшони ҷавонон аст, миннатдории самимии худро расониданд.