Рӯзи 5-уми феврали соли 2020 дар толори марказии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохурии Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо устодону донишҷӯёни Донишкада ва аҳли ҷамоатчигии шаҳраки Бохтариёни ноҳия баргузор гардида, дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардида вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд. Дар рафти вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳои ноҳия ба нуқтаҳои асосии Паём таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
                Инчунин дар ин ҷамъомад намояндаи вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон Тағйзода Ширинмо иштирок ва суханронӣ намуд.
                Ҳамзамон баҳри муташаккилона, шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи дар пешистода вазифаҳо муайян карда шуданд.

Scroll to Top