Рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар толори марказии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо донишҷӯёни фаъоли донишкада баргузор гардид.

Вохӯрии мазкурро Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон н.и.т., дотсент Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Раҳмонзода А. Қ. дод.

Зимни суханронӣ Раҳмонзода А. Қ. оид ба ҷавонон ояндасозони миллат, мавқеи сиёсии онҳо, мубориза алайҳи бегонапарстӣ  экстремизм ва ифротгароӣ, саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ, чорабинии муҳими сиёсии дарпешистода, ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи пешбаринамудаи ҷавонон бо донишҷӯён суҳбати ошкоро баргузор намуд.

Дар рафти суҳбат иштирокдорон аз ҷумла, нрзир оиди кор бо ҷавонони  донишкада Билоли Ҳикматулло ва донишҷуи курси аввали донишкада Баҳодурзода Ширинмоҳ меҳмони олиқадрро бовар кунонданд, ки бо кулли ҷавонони донишкада  дар ин маъракаи сиёсӣ номзади пешбаринамудаи ҷавононро якдилона дастгирӣ менамоянд.