smart

Дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарак дар толори марказии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҳти раисии ректори донишкада Исозода Д. Т.  вохӯрии устодону донишҷӯён бо кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон майёри Адлия Одинамаҳмадзода Парвиз Одинамаҳмад ва мудири шуъбаи муқовимат бо коррупсия лейтенанти калони Адлия Қурбонзода Манучеҳр Мусо баргузор гардид.

 Баъд аз баромади меҳмонон ва саволу ҷавобҳо вохуриро Исозода Д.Т. ҷамъбаст намуда ба меҳмонон барои сӯҳбати пурмуҳтаво ва муфид изҳори миннатдорӣ баён карда аз онҳо баҳри ҳамкории минбаъда даъват ба амал овард.