Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, №519, инчунин бо фармоиши ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2023 №37-3/2, дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шурӯъ аз рӯзи 13 майи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати таблиғу ташвиқот оиди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аҳли ҷамоатчигии деҳаҳои ҳамшафати Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Кӯшониён, вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Вохӯрии мазкурро муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён Зебо Муҳриддинзода ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ Тариқ доданд. Дар суханронии худ Исозода Д.Т. қайд намуданд, ки ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ва дӯст доштани Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпарвар ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз дар пайравӣ бо иқдомоти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки ин Ватани ободу осудаамонро боз ҳам ободтару зеботар намоем. Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон устод Ализода Аҳмадҷон зимни суханронии худ аз иштирокдорон даъват намуданд, ки бояд мақому манзалати Ватанро дар арсаи ҷанҳонӣ боз ҳам баланд бардорем.

Дар суханронии узви гурӯҳи корӣ- корманди масъули Донишкада Азизов Нуралӣ, оиди яке аз масъалаҳои мубрам яъне хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саркашӣ накардан аз хизмати ҳарбӣ ва ғайра масъалагузорӣ карда шуд. Баъди ҷамъбасти вохӯрӣ гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати таблиғу ташвиқот оиди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иншооти сохташаванда ва таъмиршуда аз ҷумла Муассисаи давлатии таълимии томактабии №4 ва Маркази тиббӣ дидан намуданд ва ба масъулини Ҷамоат ҷиҳати саривақт ва босифат ба итмом расонидани корҳо дар объектҳои ҷашнӣ, маслиҳату тавсияҳо доданд.