Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди   ба  даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ кард. Барои таъсиси он ягон заминаи моддиву   техникӣ аз Иттиҳоди  Шӯравӣ мерос намонда буд, яъне Артиши миллии Тоҷикистон дар ҷои холӣ, аз сифр сохта шудааст.
            Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 1992 дар таги хаймаҳо дар пойгоҳи Аэродроми “Айнӣ”, ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, бо иштироки Раиси Шӯрои Олии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Нахустин Паради ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе 23-юми феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти мамлакат баргузор гардида, он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид.
            Қувваҳои Мусаллаҳ замоне таъсис ёфт, ки дар Ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Иштироки фаъолонаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат, дар натиҷаи руҳияи баланди ватанпарварӣ, малакаи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт.
            Аз соли 1997 сар карда, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста дар тамринҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир саҳми муносиби худро гузоштааст.
            Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлолият буда, ҳамасола оиди рушди ин соҳаи муҳим, ки такягоҳи боэътимоди сулҳу субот, ҳимоятгари марзу буми кишвар мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
            Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбӣ се марҳаларо паси сар намудааст. Марҳалаи аввал, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар идораву муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, бо муваффақият пушти сар шуд. Давраи дуюм, марҳалаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идоракунӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳанӯз идома дорад. Марҳалаи сеюм, яъне асоси ин бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвияти иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.
            Айни замон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои се навъи қушун мебошад: қушунҳои Хушкигард,  қушунҳои   Зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддӣ-ҳавоӣ.
            Ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз идома дорад.
            Яке аз шартҳои муҳим, ин баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ барои мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ ба шумор меравад.
            Дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун нерӯи тавонои дифои кишвар, амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро таъмин месозад. Хизмати мардонавори афсарону сарбозонро дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллати мо омада роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамеша қадр мекунад ва пос медорад.
            Мо ба  Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя менамоянд. Мо ба далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорем ва дар симои онҳо ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро эҳсос менамоем.
            Бо қаноатмандӣ ва сарбаландӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишвар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як тану як ҷон баҳри оромиву осӯдагӣ камари ҳиммат баста адои хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд.       
            Дар асоси фармоиши муштараки:
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 468, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 3425, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01  июли  соли  2019, №  27 дар  назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Кафедраи ҳарбӣ  таъсис дода шуд.
            Айни замон дар Кафедраи ҳарбӣ зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 аз рӯи ду ихтисос: Командири взводи радиоалоқа ва Командири взводи муҳандисӣ-сапёрӣ  ба таълим фаро гирифта шудаанд. Баъди хатм ва супоридани имтиҳони давлатӣ донишҷӯён бо рутбаи ҳарбии лейтенанти хурди эҳтиётӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоли хешро дар фазои сулҳу субот ва руҳияи баланди ватандӯстӣ, омодабошии баланди ҷангӣ таҷлил менамоянд.
            27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!
Scroll to Top