Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон ва санҷишу омӯзиши омодагии арзандаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба ин санаи муҳими таърихӣ ба донишкада ҳайати баланпояи ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия аз ҷумла:

Усмонзода Усмоналӣ –муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъа Далер –вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Қурбон –раиси вилояти Хатлон, Исмоилзода Мирзо –раиси ҷамъияти холдингии шакли кушоди “Барқи тоҷик”, Вализода Икромиддин –раиси ноҳияи Кӯшониён ва дигар роҳбарону масъулон ташриф оварда, баъди шинос шудан бо биноҳои таълимӣ, синфхонаву озмоишгоҳҳо, китобхонаву хобгоҳҳо, ҳолати базаи моддиву техникии донишкада ва вазъи ба зимистонгузаронӣ ҷавобгӯ будани тамоми зерсохторҳои донишкада, оид ба беҳтар намудани раванди таълим, боз ҳам хубтар намудани сатҳу сифати донишандӯзӣ, пурра гардонидани таҷҳизоти синфхонаву озмоишгоҳҳо, беҳтар намудани шароити будубоши донишҷӯён дар хобгоҳҳо, риоя намудани талаботи беҳдоштӣ ва дар сатҳи баланд, бо нишондиҳандаҳои арзанда, истиқбол намудани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои судманд дода изҳори умед намуданд, ки Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони варзида ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ҳайати меҳмононро ректори донишкада Исозода Д. Т. ва аъзои раёсат ҳамроҳӣ намуданд.