Рӯзи 25-уми апрели соли 2023 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Тадқиқотҳои муҳандисӣ, инноватсия ва сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва саноат» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур меҳмонон аз хориҷ ва дохили ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин раванди кори конференсияи мазкуро номояндагони ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ бо шарҳу эзоҳ пахш намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ ва хайрамақдам гуфтанд. Ҳамчунин меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Ширинмоҳ, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа Могучев Александр Иванович, директори маркази маркетинги Донишгоҳи давлатии Толяти Кутузов Антон Игоревич, ва маҳмонон аз дохили кишвар – мушовир, сармутахассиси Агентии бехатарии химия, биологї, радиатсионӣ ва ядроии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Улмас Мирсаидович, номзади илмҳои техникии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Қаюмов Алишер Ғафурджонович, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати илм ва иноватсия Ниёзи Сироҷиддин Раҷаббоқӣ, Қаюмов Алишер, омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ Ганджа Сергей Анатолевич (маҷозӣ – ZOOM) мақолаҳои илмии худро пешкаши иштирокдорони конференсия гардониданд. Баъди қисмати пленарии конференсия кор дар бахшҳо идома ёфта, дар охири конференсия иштирокчиёни фаъол бо сертификат сазовор гардонида шуданд.