Табрикоти Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон н.и.к. Исозода Д.Т ба ифтихори Иди Наврӯзи байналмилалӣ
Омӯзгорон, донишҷӯён, ҳамкорони азиз ва меҳмонони арҷманд, фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзи имсоларо бароятон табрику таҳният гуфта, дар ин соли нави аҷдодӣ ба ҳамаатон хушбахтӣ ва комёбиҳоро таманно дорам.
Бо ташаббус ва талошҳои ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯзи тоҷикон боз ба шӯҳрати каёнии худ расид ва аз базми шукӯҳи Ориён ба базми байналмилалӣ табдил гашт ва ин падида бо қарори ЮНЕСКО-и СММ эътироф ва муқаррар гардид.
Иди фархундапайи Наврӯз ҳанўз дар аҳди ниёгони тамаддунофари миллати тоҷик -Ҳахоманишиён, ки империяи аз ҳама бурузгтарини аҳди бостон ба шумор мерафт, дар 20 шаҳр-давлатҳои қаламрави он бо шукуҳу тарзи хоса таҷлил мегардид, ки намунаи он мусаввараи намояндагони ин шаҳр-давлатҳо дар рўи девори тахти Ҷамшед мебошанд, ки барои қабул дар боргоҳи шоҳӣ саф кашидаанд.
Бинобар он гумон меравад, ки ҳанўз дар аҳди бостон иди Наврўз фаротар аз ҷашнҳои қавмию қабилавӣ ва ҳатто миллӣ рафта буд. Аз ин рў, ба иди байналмилалӣ табдил додани ҷашни Наврўз аз як тараф барқарор намудани ҳақиқати таърихи арзёбӣ шавад, аз тарафи дигар, онро тақозои давру замон ҳисобидан мувофиқи мақсад аст. Зеро ҳар сол дар рўзи табодули баҳорӣ, фаро расидани насими гулафшони баҳорӣ, қабои сабз ба бар кардани табиат, гулпӯш шудани дашту даман ва аз ҳама муҳимаш, тағйири табиати инсон ва рӯҳи созандаи ӯ барои ҳамаи халқу миллатҳои ҷаҳон, як падидаи раднашавандаанд.
Дар назарияи ҳастишиносӣ маълумоте зикр гардидааст, ки дини зардуштӣ таълимоти силсилаи чандкаратаи вуҷудятро эҳдо карда будааст. Дар асоси ин таълимот ҷараёни офариниши мавҷудоти олам дар давоми сол, яъне аз Наврӯз то Наврӯз, дар ҳафт марҳала сурат мегирифтааст. Ин ҳафт марҳалаи офариниш дар шакли ҳафт иди шодиву суннатии сол-Наврӯз, Меҳргон, Сада, Зодрӯз, Ҳамсаргузинӣ, Сездабадар ва Шаби ялдо мушоҳида мегардад.
Масалан, ду иди шодиву тараби ниёгони мо-Наврӯз ҳамчун оғози гардиши сол ва Меҳргон чун оғози нимаи дуюми сол, яке ҳамчун фарорасӣ ва омодагӣ ба кишту кор, дуюми ҳамчун ба анҷомрасии сол ва ҳосилғундорӣ дар рўзҳои тадовули баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷашн гирифта мешуданд. Аз ин рў, таваҷҷуҳи башарият ба анъанаи гузашта, аз ҷумла ба таъриху пайдоиши Наврӯз, дубора ба хотир овардани тамоми он ҳақиқату ҳикмати таърихию фарҳангие мебошад, ки аз субҳи азалии таърих пайдо шуда, то даврони муосири мо идома пайдо кардааст.
Имрӯз Иди Наврӯзро дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Чин (Урумчӣ, Қашғар, Яркент), Покистони Шимолӣ (Газнаи, Галчит), Кашмир, форсҳои Ҳиндустон, курдҳои Эрону Сурия, Гурҷистон, Албания, Косово, умуман дар ҳамаи қитъаҳои олам: Осиёву Афроқову Аврупову Амрико ҷашн мегиранд, чунки ойини Наврўз тавонист, ки забони ҳамдилӣ ҳам боварии миллатҳо бошад.
Бар ин асос метавон Наврӯзро «ҷашни миллатҳо» номид, чунки нигоҳи Наврӯз баробарӣ аст, ҳамзамон метавон гуфт, ки Наврӯз аввалин тафаккур ва ғояи гуфтугӯи тамаддунҳо, қавмҳо ва динҳо дар ҷаҳон аст. Он ба ҳамдигарфаҳмии миёни қавмҳо ва миллатҳо кӯмак мекунад.
Наврӯз, яъне дур кардани кина ва ҳасад ва тавлидкунандаи меҳр ва хирад аст. Наврӯз мубориза бо палидӣ ҷиҳати иҷрои адолат маҳсуб меёбад.
Наврӯз расиду дилбарӣ кард,
Дунё пури шеваи дарӣ кард.
Ангехт муҳаббату заминро,
Маъвои фариштаву парӣ кард.
Дар охир ба ҳамаи Шумо устодон, кормандон, донишҷӯёни Донишкада ва дар симои Шумо тамоми ҳамватанони азизамонро бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод мегӯям.
Ҳамеша сарбаланду хонаообод ва комёбу муваффақ бошед!
Scroll to Top