Табрикоти Ректори Донишкадаи энергетики Тоҷикистон Исозода Д.Т. дар маҷлиси тантанавии донишкада ба ифтихори иди “Рӯзи Модар”
Муҳтарам омӯзгорон, донишҷӯён, кормандон, хоҳарону модарони азиз ва ҳозирини арҷманд, шуморо ба ифтихори фарорасии иди зебову баҳории “Рӯзи Модар” самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтии рӯзафзун ва дар фаъолияти кориатон барору комёбӣ таманно дорам.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мо нисбати Зан-Модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Бо дастгирию мусоидати давлату ҳукумати Тоҷикистон дар Ватани соҳибистиқлоли мо баъди ҳазорсолаҳо табақаи нави ҷомеа- гурӯҳи занони хирадманду соҳибкасбу олима ба вуҷуд омад, ки дар ҳамаи соҳаҳои илму истеҳсолот ва ҳатто дар мақомоти қудратии кишвар баробари мардон барои рушду нумӯи кишвари азизамон ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва марзу буми Ватан, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Вақте, ки гап дар бораи илму истеҳсолот меравад, метавонем бо ифтихор ёдовар шавем, ки имрӯз бонувони зиёде, аз ҷумла намояндагону хатмкунандагони донишкадаи мо, бо таҳқиқотҳои илмии худ ва иштироки бевосита дар идоракунии нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла НБО Норак ва дар рушду нумӯъи Ватан саҳми назаррас гузошта истодаанд. Аз зумраи чунин бонувон Шарифова Зарина Ҷумаевна, Назарова Назира Саиидкромовна, Ҷурабоева Ҳикоят Негматовна, Юсупова Зарина Розиқовна ва Хайруллоева Умедаро номбар кардан мумкин аст.
Вале вақте, ки гап дар бораи баробари мардон, дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва марзу буми Тоҷикистон иштирок кардани занон сухан меравад, пас ин анъана аз даврони қадим, аз Империяи бузурги аҷдодони мо-Империяи порсоён-форсҳо оғоз ёфта буд. Дар ҳудуди ин давлатдории аҷдодони гузаштаамон намунаҳои аввалин ва бузургтарин дастовардҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг, сиёсату давлатдорӣ, иҷтимоиёту иқтисодиёт амалӣ мегардиданд, ки дар ин раванд занон низ саҳми арзанда мегузоштанд.
Ҳамин тавр, дар давлатдории Форси қадим занон соҳиби эҳтироми хосса буда, дар вазифаю мансабҳои баланди давлатдорӣ кор мекарданд ва ҳатто дар мавриди зарурӣ ҳамчун сарлашкар барои ҳифзи марзу буми сарзаминашон ба майдонҳои муҳориба баромада, дар қатори мардон ба муқобили душманон меҷангиданд. Мисоли равшани ин гуна занон шоҳдухтари сакоӣ Томирис буда метавонад.
Бо ифтихор бояд дар бораи намояндаи дигари занони далеру шуҷоъи Империяи аҷдодони мо-Империяи Форсҳо, ки Озоддухт ном доштааст, сухан гӯем. Озоддухт шоҳдухтари сулолаи сосониҳо(солҳои 220-260 пеш аз мелод), духтари шоҳ Шопури 1 будааст, ки императори Римро ба асирӣ гирифтааст. Ӯ мисли мардҳо яроқи ҷангиро ба дараҷаи баланд истифода мекардааст.
Бо номи Турондухт, ки духтари хурдии шоҳи сулолаи сосониҳо Хусрави 11 (солҳои 605-633) буд, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ идеали зани хушандом қабул гардидааст. Қаҳрамони афсонаи “Ҳазору якшаб” ҳам ҳамин Турондухт будааст, ки баъдтар бастакори итолиёвӣ Ҷакомо Пуччинӣ обарази ӯро дар операи “Турандот”-и худ ҷой додааст.
Занони тоҷик анъанаи ниёгони худро идома дода, дар солҳои аввали барқарорсозии Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қатори мардҳо барои муҳофизати Ватан ҷонбозиҳо кардаанд. Имрӯз номи Зайнаббибии қаҳрамон, ки барои озодӣ, ободӣ ва истиқлолияти Ватан аз дасти босмачиҳо ба қатл раонида шуда буд, пайваста вирди забони тоҷику тоҷикистониҳо мебошад.
Зиёда аз 2000 занони тоҷик дар рӯзҳои аввали саршавии ҶБВ барои иштирок дар ҷангҳои зидди фашизм ариза пешниҳод карда буданд. Занони тоҷик О. Муҳаммадҷонова, Н. Умарова, И. Қурбонова, Ҷ. Раҳимова, Ш. Ҳайдарова С. Сафарова, А. Носирова, А.Азимова ва садҳо дигарон дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонӣ нишон медоданд.
Ин лаҳза месазад, ки дар бораи аввалин зани тоҷик-доктори илми тиб София Ҳакимова, ситораи санъати балети ҷаҳонӣ Малика Собирова, варзишгари номдор Зебуниссо Рустамова, қаҳрамонони арсаи меҳнат Энаҷон Бойматова ва Гавҳарбӣ Пиракова ва аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева, суханони нек бигӯем ва арзи сипос намоем.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки аксарияти занон-кормандони қисмати хоҷагидории донишкада низ бо меҳнати самараноку интизоми намунавии меҳнатии худ дар назди маъмурияти донишкада ва ҳамкорон соҳибэҳтиром гаштаанд.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии иди фархундаи “Рӯзи Модар” табрику муборакбод менамоям.
 
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Scroll to Top