Омӯзгори кафедраи «Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ» Рашидов Акрам Раҷабович дар Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи илмиашро санаи 25-уми январи соли 2021 сарбаландона дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии «Номзади илмҳои техникӣ» гардид.

Акрам Раҷабовичро бо ин комёбӣ сидқан табрику таҳният гуфта, барояш бурдборӣ ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари илмиро таманно  дорем.

Маъмурият, ҳамкорон  ва донишҷўёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон.