Идоракунии самараноки неъматҳои табиии давлатӣ, махсусан захираҳои энергетикӣ кафолати рушди соҳаи мазкур ба шумор меравад. Таҷрибаҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷорӣ намудани таҷрибаи идоракунии корпоративӣ ва таҷзияи ширкатҳои энергетик, метавонад, ба ҳалли мушкилоти вобаста ба напардохтани маблағи кувваи барқи истифодашуда ва таъмини шаффофият дар соҳаи энергетика мусоидат намояд. Ин раванд муттаҳидсозии дороиҳои ширкатҳои сохтори идоракунияшон ба таври вертикалӣ муқарраргардидаро дар атрофи равандҳои фаъолият, аз қабили истеҳсолот, интиқол, тақсимот ва ҳамчунин дохил намудани ин дороиҳо ба сохтори субъектҳои конунӣ ва молиявӣ тақозо менамояд.
Бо инобати гуфтаи боло, соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №431 «Вобаста ба таҷдиди ШСХК «Барқи Тоҷик» қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур уҳдадории Ҳукуматро ба ислоҳот мушаххас ва вазорату идораҳоро барои фаъолияти самаранок дар ин ҷода вазифадор менамояд.
Илова бар ин, бо дастгирии Бонки осиёгии Рушд моҳи ноябри соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи Мусоидати техникии «Беҳтарнамоии фаъолияти фаврии соҳа» оғоз гардида, таҷдиднамоии сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ва тақсимнамоии он ба се қисмати зиддахл, аз қабили истеҳсолот, тақсимот ва интиқолдиҳӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар ин раванд барои амалисозии чораҳои гуногун, аз қабили таҷзияи дороиҳо ва уҳдадориҳо, низоми ҳисоботдиҳии молиявӣ ва ҳамчунин идоракунии хадамоти танзимгарии фаврӣ барнома ва раҳнамоҳо таҳия гардидаанд.
Соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №234, ки созмон додани ду шахси ҳуқуқии алоҳида — ҶСК “Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар заминаи шахси ҳуқуқии мавҷуда — ШСХК “Барқи Тоҷик” тақозо менамояд, қабул гардид.
Шахсони ҳуқуқии нав — ҶСК “Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои хизматрасониҳои интиқолию тақсимотии неруи барқ дар кишвар, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъул мегарданд. Лозим ба ёдоварист, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби ширкати “Помир Энерҷи” дар асоси Шартномаи консессионӣ хизматрасонӣ мешавад.
Дар баробари ин корҳо, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани системаи баҳисобгирии истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ идома дошта, ҳамчунин ҷорӣ намудани тарифҳои алоҳида, низоми ҳисоббаробаркунӣ, ташкили суратҳисоби эскроу тибқи қоидаҳои мувофиқ барои пардохт амалӣ карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати тарифии навро, ки бо мақсади руйпуш намудани хароҷот ба арзиши хизматрасонӣ равона карда шудааст, қабул ва дар ин раванд барои кӯмак дар амалисозии сиёсати тарофавии мазкур методологияи тарифӣ омода гардида буд. Айни замон методологияи тарофавии мазкур дар марҳилаи тасдиқ қарор дорад.
Ташаббусҳои болозикр барои беҳсозии фаъолияти молиявии бахш, ҷалби сармоя тавассути иштироки бахши хусусӣ дар ин самт, аз ҷумла истифодаи механизмҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз қабили ҷалби ширкатҳои байналмилалии идоракунанда равона гардидаанд.
Истифодаи механизмҳои гуногун вобаста ба ҷалби бахши хусусӣ барои ташкил намудани фаъолияти устувор ва шаффофи соҳа, манзур намудани нишондиҳандаҳои самарабахши молиявӣ ва амалиётӣ, тавассути роҳҳои зерин нигаронида шудааст.
- мусоидат дар самти таҷзия ба ширкатҳои нави самаранок, аз қабили ширкатҳои барои интиқол ва тақсимот махсусгардонидашуда;
- азхудкунии усулҳои идоракунии дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида, сиёсат ва низомҳои иттилоотӣ
- амалисозии стратегияи самараноки ҳимояи даромадҳо ва паст намудани сатҳи талафот;
- беҳтарнамоии таҷрибаи идоракунии захираҳои кадрӣ ва рушди иқтидор;
- таҳкими институтсионалӣ дар самти банақшагирӣ ва пешгӯии сармоя ва сармоягузориҳо.