С. Гулмирзоев,   
      устоди Донишкадаи
      энергетикии Тоҷикистон 

Сулҳ – асоси ҳастии миллат.

        Дар ҳақиқат ҳам, сулҳ ҳастӣ ва бақои ҳар миллату халқият буда, рушду пешрафти ҷомеа ва давлат аз тинҷиву осудагӣ сарчашма мегирад. Тамоми пешрафту ободониҳо ва имкониятҳои фароҳами барои ҳаёту фаъолияти инсоният аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва тинҷиву осудагӣ дар кишварамон ибтидо гирифта, мояи саодату хушбатии мардумон мегардад.  Ноамниву нооромиҳо  бошад ба ҷомеа оқибатҳои фалокатбор меорад ва миллату халқиятҳоро ба нестӣ мебарад.

Насли бузургсоли миллати тоҷик ҳам боре шоҳиди чунин нооромиҳо, оқибати парешониву ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ва талафоти ҷониву тахриби шаҳру деҳаҳои ободи диёри хеш шуда буд.

Насли ҷавони миллати тоҷик, ки дар даврони истиқлолият ҳастии хешро дарёфтаву  аз воқиаҳои нангини ба сари миллат омада, танҳо тавассути ВАО (Васоити ахбори омма) маълумот дошта, дар баробари насли калонсоли ҷомеаи мо оқибати нооромиҳои сиёсиро дарк карда наметавонад. Бинобар ин, баъзан ҷавонони ногоҳ аз сабаби камдонишӣ фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро гардида, ноогоҳона ба ташкилотҳои пинҳонӣ таъсисёфтаи экстремистӣ – террористӣ мегароянд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки инчунин ҷавонони гумроҳ дар овони наврасӣ ва таҳсил дар дабистон дониши хуб наомухтаанду аз тарбияи хонавода дар канор мондаанд.

    Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, ки наврасон ва ҷавонони мо аз ваҳшониятҳои аслии он замон рӯхдода, ки бародар бародарро, падар писару писар падарро ба қатл мерасониданд, огоҳӣ дошта бошанд. Зеро ҳар фарди оид ба оқибатҳои ҳодисаҳои шаҳрвандӣ маълумоти кофӣ пайдо карда бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтаи асолатбохтагону душманони миллати худ намегардад. Тавре дар он солу замон шоири халқии Тоҷикистон, шодравон – Лоиқ Шералӣ вазъи ногувори кишварамонро дар шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» инъикос карда буданд, бесаводиву фирефтаи душманони миллати худ шудан, фоҷиаи бузург бар сари ҷомеа меорад:   

             Камонмардон!
             Камон аз дӯш бигзоред,
             Ба ёди куштагони хештан, хомӯш бигзоред!
             Ки аз тири заминиву ҳавоитон
             Ҳавои зиндагимон нест.
             Зи барқи тиратон шабҳо
             Сафои зиндагимон нест…
          … Камонмардон!
             Худо дар синаҳотон раҳм андозад,
             Камон аз дӯш бигзоред,
             Ба ёди куштагони дӯш бигзоред,
             Ҳама тиру камон бинҳед,
             Ба мо тири амон бидҳед.
             Ҳама тиру камон бинҳед,
             Ба мо давру замон бидҳед…
        …  Камонмардон!
             Агар хоҳед фардоро ба даст оред,
             Камон аз даст бигзоред!
             Агар хоҳед рӯҳеро наёзоред,
             Камон аз даст бигзоред!

    Аммо сулҳ вожае иборат аз чаҳор ҳарфу чаҳор овоз басо ширину гӯшнавоз аст ва зери ин маҳфум амният, амонӣ, оромӣ ва бахту саодати ҳар миллату халқият маҳфуз аст!  Онро пос доштану қадр кардан ба ҳар як фарди миллати тоҷик ҳам қарз асту ҳам фарз ва кам нестанд фарзандони содиқи Ватан, ки дар масири ба даст овардани он, ҷони худро нисор кардаанд! Боз ҳам, меояд ба ёд шодравон, Устод –Лоиқи бузургвор, ки чӣ қадр аз ба даст омадани Сулҳ, аниқтараш аз ба даст овардани он аз ҷониби Пешвои миллат, шоду масрур гашта, шеъре эҷод кардаанд:

            Раҳми парвардигори мо омад,
            Нури ҳақ бар диёри мо омад.
            Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
            Сулҳи бунёдкори мо омад.
            Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,
            Ҳотифи зиндадори мо омад.
            Кӯю барзан пур аз гадоён буд,
          Фурсати шоҳкори мо омад…
       …Чор сӯ буд тирборонҳо,
          Яке тири барори мо омад.
          Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
          Ахтари саъд, ёри мо омад…
     … Ҳоли зору низори мо бигзашт, 
          Вақти ҷуду нисори мо омад.
          Ҷанги девонавори мо бигзашт,
          Сулҳи деринтизори мо омад!

    Масъалаи дигар дар самти таълиму тарбия ин аст, ки бояд насли ҷавон оид  хизматҳои фарзандони фарзонаи миллатро дар ҳифзи сарзамин аҷдодӣ, нақши Иҷлосияи таърихӣ ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам – Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати навини Тоҷикистон ва ҷомеаи соҳибистиқлоламон ва рушду пешрафтҳои ин давра маълумоти кифоя дошта бошад.

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар муддати кутоҳ Тоҷикистонро аз вартаи ҷангу нестӣ наҷот бахшида, мардуми сарсону саргардонро ба Ватани аҷдодиашон баргардонанд. Дар раванди бундёгузории давлати тозаистиқлол ҷомеаро ба иқдомҳои бузурги ободониву созандагӣ роҳнамоӣ карда, Тоҷикистонро ба биҳишти воқеӣ дар рӯи замин табдил диҳанд.  

Баъдан, давоми солҳои соҳибистиқлол равандҳои хатарзо, ки тамоми кишварҳои оламро таҳдид мекард,  бо дастур ва супориши бевоситаи роҳбари давлатамон аз паноҳгоҳҳои кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва Украина шаҳрвандони зиёди кишвари моро ба Ватан баргардонида шуд.

Бори аввал ин иқдом 30-юми апрели соли 2019-ум роҳандозӣ гардид, ки 89-нафар кӯдакони тоҷик, бори дуввум 25-уми июли соли 2022-юм 42 нафар занон ва 104-нафар кӯдакон ба ватани амну орому осудаи мо баргардонида шуданд.    21-уми майи соли 2023-юм бошад, бо ҳамроҳии 29 оила- 104 нафар занону наврасону тифлони ҳамватанамон, 5 нафар шаҳрванди Қазоқистон низ, ( 1зан ва 4-фарзанди вай!!!), аз Сурия бароварда шуданд!

   Ҳамин аст нишони халқпарварӣ ва андешаи сулҳпарварии Пешвои миллати тоҷик. Аз ин рӯ, мо сокинони худогоҳи ин сарзамини аҷдодиро мебояд, ки бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш иттиҳоду сарҷамъ буда, баҳри ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳимояи Ватани азизи худ ҳамеша омода бошем. Зеро устувориву пойдории давлат аз иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳамдиливу ҳамовозии мардумони он сарчашма мегирад, ки сулҳу осоиштагиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.