Skip to content
АСОСӢ
Сохтор
Роҳбарият
Таърих
Хабарҳо
Ба довталабон
Ихтисосҳо
Комиссияи қабул
ТАЪЛИМ
Муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати тахсилот
Раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот
Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот
Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва машварат
ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ
Шуъбаи илм, омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Маркази инноватсия, рушди истеъдодҳо ва парки технологӣ
Китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ
Маркази равобити хориҷӣ ва кор бо лоиҳаҳо
Дастовардҳо
X
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Факултетҳо
Кафедраҳо
Кафедраи ҳарбӣ
Таҳсили фосилавӣ
Humberger Toggle Menu
Муҳтарам устодон, донишҷӯён ва ҳозирини арҷманд, тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 1-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз аз ҷумла, зиёда аз 280 нафар донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро ҷавонони курси якум ташкил медиҳанд, ки ќадамҳои аввалинро дар ҷодаи омӯзишу татбиқсозии илму технологияи муосири соҳаи энергетикаи кишвар гузошта истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносибати аз номи Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамаи донишҷӯён ва кулли ҳамватанонамонро бо фарорасии иди «Рӯзи дониш» табрику муборакбод мегӯям.
“Рӯзи дониш” аз маросимҳои муҳими идонаест, ки аз сиёсати хирадмандонаи маорифпарварӣ ва сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҳамчун рамзи эътибору эҳтиром нисбат ба аҳли илму маъориф, аз ҷумла омӯзгорону донишҷӯён ва ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд ва ба хотири саҳмгузорӣ дар раванди устуворгардонии пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамасола таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дарси аввалро бо номи “Дарси сулҳ” оғоз менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар партави сиёсати илму маорифпарварӣ ва сулҳофарии Пешвои муаззами миллат солҳои соҳибистиқлолии Ватан, дар қаламрави кишвар садњо муасиссаҳои таълимии миёна ва олии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бо инобати рушди беназири соҳаи энергетикаи кишвар, 17 сол пештар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аҳли кормандони он барои амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омодасозии мутахассисони болаёқат барои бахшҳои энергетика ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, содиқонаву софдилона саҳм мегузоранд.
Айни ҳол мо дар бинои бо тарзи замонавӣ тармимгардидаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон қарор дорем, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат барои мо омода гашта, синфхонаву озмоишгоҳҳои он бо воситаҳои пешқадами техникиву технологии замони муосир ҷиҳозонида шудаанд. Аз оғози фаъолияти худ Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мутахассисони болаёқати соҳаи барқро таълиму тарбия додааст, ки дар корхонаву муассисаҳои кишвар ва хориҷи он муваффақона меҳнат карда истодаанд ва ин боиси ифтихору сарфарозии коллективи меҳнатии ин донишкада аст. Имрӯзҳо хатмкардагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон НБО Роғун, Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Сарбанду Бойғозӣ бо сари баланд дониши техникии худро амалӣ месозанд ва аксарияти онҳо ба бовариву эҳтироми аҳли меҳнатии ин коргоҳҳо сазовор гаштаанд.
Дар Донишкада барои таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи барқ зиёда аз 100 нафар омӯзгорони варзида, ки 33 нафарашон дорои дараљаи номзадҳо ва доктори илм мебошанд, ба меҳнати софдилонаву самаранок машғуланд. Ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва муҳиммияти таҳсилот ва илм дар донишкада дар раванди таълим 78 синфхонаи таълимӣ, аз он ҷумла 28 синфхонаи озмоишгоњи замонавї муљљањаз бо зиёда аз 100 номгўи дастгоњу таљњизоти озмоишї истифода шуда истодааст.
Бо кӯмаку дастгирии Њукумати Љумњурї ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи мо ба Маркази аз ҷиҳати илмӣ омодасозии омӯзгорони ҷавон гардидааст.
Танҳо дар якчанд солҳои охир зиёда аз 25 нафар собиқ хатмкардагони Донишкада дар Аспирантураҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Қирғизистон, инчунин бештар аз 35 нафар омӯзгорони Донишкада дар дар Аспирантураҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон корҳои илмию таҳқиқотӣ бурда, сазовори унвони номзадҳои илмҳои техникӣ, иқтисодӣ ва педагогӣ шудаанд.
Дар маҷмӯъ Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти илмию таълимӣ ба имзо расонидааст. Танҳо дар аввали соли равон Донишкада бо ду муассисаи таълимии олии касбии Федератсияи Россия – Донишгоҳи давлатии Толяти, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии техникии Тошкент ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Навоии истихроҷи маъдан ва технологияҳо, Донишгоҳи давлатии Термиз, Донишкадаи мошинсозии Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳамасола донишҷӯёни мо ба муассисаҳои таълимии олии касбии хориҷи кишвар барои бозомӯзӣ фиристода мешаванд. Ҳамин тавр, соли гузашта 3-нафар донишҷӯёни Донишкада ба муҳлати 1 сол бозомӯзии таълимиро дар Академияи кишоварзии шаҳри Костромаи Федератсияи Россия гузашта, барои идомаи таҳсил ба Донишкада баргаштанд.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ алакай соли сеюм аст, ки дар Донишкада гурӯҳи муштарак бо Донишгоҳи давлатии нефту техникии Уфаи Федератсияи Россия фаъол аст, ки аз рӯи формати (1+3) дар шакли мобилияти академӣ ва таълими шабакавӣ яне барномаи таълимии курси 1-ум дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии курсҳои 2,3 ва 4-умро дар Донишгоҳи давлатии нефту техникии Уфа аз бар менамоянд. Ҳамзамон баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо байни Донишкада ва муассисаи болозикр моҳи августи соли ҷорӣ як синфхонаи муштарак ва як толори дӯстии Тоҷикистону Россия бо иштироки ҳузурии намояндагони Донишгоҳи давлатии нефту техникии Уфа, Сафорати Федаратсияи Россия ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, ки алакай мавриди истифодаи таълимгирандагони ин гурӯҳ қарор дорад.
Китобхонаи Донишкада маҷмуаи санадҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмидоштаро тавассути ҳамаи навъи воситаҳои чопӣ: анъанавӣ, электронӣ, савтӣ, маҷозӣ ба истифодабарандагон пешниҳод менамоянд. Бо мақсади фарогирии доираи васеи истифодабарандагон бо адабиёти гуногунмазмун, ба фонди электронӣ 9620адад ва анъанавӣ башад, 130 адад аз ҳамаи сарчашмаҳо ворид карда шуд, ки аллакай мавриди истифода қарор дорад. Илова ба ин, китобхонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон узви китобхонаҳои ассотсиятсияи донишгоҳҳои техникии байналмилалӣ мебошад, ки истифодабарандагон метавонанд аз фондҳои электронии ин муассисаҳои таълимии бонуфузи байналмилалӣ истифода намоянд.
Барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии донишҷӯён ва тақвияти худшиносии миллии онҳо дар Донишкада мунтазам чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ баргузор карда мешаванд. Омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни Донишкада на танҳо дар озмуну олимпиадаҳои илмиву техникӣ ширкати фаъолона варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, балки дар фестивалу ҳамоишҳои ҷавонони вилояту ҷумҳурӣ, ки ба ифтихори ҷашнҳои миллиамон баргузор мешаванд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳамин тавр, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки аз 21 то 25 ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, Саидбеков Зикрулло Ҳабибуллоевич дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, дар байни ҳамаи донишҷӯёни ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм шуд. Инчунин, 2 нафар омӯзгорони ҷавони Донишкада н.и.т. Ҷаҳонгири Абдулвоҳид сазовори унвони “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2021-2023” ва номзади илмҳои техникӣ Аминов Дилшод Саидович сазовори Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти техника, технология ва инноватсия, гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки хатмкардагони кафедраи ҳарбии Донишкадаи мо, ки аз рӯи ду ихтисос маълумоти ҳарбӣ гирифта, сазовори рутбаи афсарӣ мегарданд, ҳамасола ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд ва баъди адои хизмати Ватан-Модар ба онҳо рутбаи афсар дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хатмкардагони Донишкадаи мо бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ватанпарастӣ ҳамеша омодаи ҳифзи марзу буми Ватан ва сулҳу осоиштагӣ дар кишвар мебошанд.
Донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо шароитҳои беҳтарини таълимӣ ва истироҳативу фароғатӣ, аз ҷумла бо хобгоҳи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои 880 нафар, се ошхона, толорҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, варзишгоҳ таъмин гаштаанд. Дар соли ҷорӣ бошад, бо ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон литсейи назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон кушода шуд, ки ба он хонандагон аз синфи 1 то 11 қабул карда мешаванд.
Бори дигар фарорасии Рӯзи донишро бароятон табрику муборак гуфта, бо боварӣ изҳор медорам, ки аҳли устодону донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои аз уҳдаи вазифаҳои пурмасъулияти дар назди онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захирањои об, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, ҷиҳати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони беҳтарини соҳаи энергетика, бо сарбаландӣ мебароянд.
Иди “Рӯзи дониш” муборак бошад ҳамкорон, донишҷўён ва меҳмонони азиз!
Scroll to Top