Ҳамватанони азиз ва мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди касбии энергетикҳои Тоҷикистон- «Рӯзи энергетик» табрику таҳният намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва дар кору фаъолиятатон бурбориҳоро орзумандам.

Рӯзи 22 декабрро ҳамчун рӯзи иди касбӣ таҷлил намудани энергетикҳои Тоҷикистон аз диди илмӣ ба тағйирёбии иқлими табиат рост меояд. Яъне, хеле рамзӣ аст, ки шаби 21 ба 22 декабр-шаби дарозтарини сол буда, аз ҳамин рӯз пас, яъне аз соати 00:00-и 22 декабр миқдори нуру гармиафкании Офтоб ба Замин, тибқи қонунҳои табиат ба афзудан оғоз мекунад. Дар ҳамин шаб ташвишу тараддуди кормандони барқ-энергетикҳо низ зиёдтар мегардад ва тавассути меҳнати софдилонаву касбии онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар ҳар як хонадони шаҳрвандон нерӯи барқу гармии босифат таъмин карда мешавад.

Вале маълум аст, ки дар таърихи мавҷудияти Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ дар ҳамин рӯзи 22 декабри соли 1920 Нақша-Плани Давлатии Электрикунонии Россия (Государственный План Электрификации России-ГОЭЛРО) қабул шуда, ин ҳуҷҷат ба рушди ояндаи техникию технологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ гузошта буд. Аз ҳамин лиҳоз, энергетикҳо ҳамасола дар ҳамин рӯз иди касбии худро ҷашн мегирифтанд. Имрӯз низ дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ин анъанаи неки энергетикҳо идома дорад.

Ҳамин тавр, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабрро ҳамчун рӯзи иди касбии энергетикҳо ҳамчун “Рӯзи энергетик” тасдиқ ва ба қатори идҳои аҳамияти бузурги иҷтимоидоштаи Ватани азизамон-Тоҷикистон ворид шудааст. Ин Ид дар асоси сиёсати хирадмандонаву ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳамчун рамзи эътибору эҳтиром нисбат ба кормандони соҳаи энергетикаи ватанӣ, аз ҷумла мутахассисони нерӯгоҳу шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд, инчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии энергетикӣ, ҳамасола таҷлил мегардад.

Бо шарофати сиёсати бузурги иҷтимоиву иқтисодии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии Ватан, бахусус дар дар 10-15 соли охир, дар қаламрави кишвар иқтидорҳои энергетикии мамлакат бо суръат афзуда истода, дар миқёси минтақаву ҷаҳон обрӯву эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати саноатии содиркунадаи нерӯи барқ, ба маротиб баланд гашта истодааст. Воқеан, агар то соли 1929 тавоноии умумии неругоҳҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 690 кВт-ро ташкил медода бошад, пас, ин рақам айни ҳол зиёда аз 5000 МВт-ро ташкил дода, 7,7 ҳазор бор зиёдтар шудааст.

Ин лаҳза бо ифтихори бузург бори дигар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳалли мушкилоти ҷомеаи башарӣ дар амалӣ сохтани ҳадафҳои Рушди ҳазорсола тавассути масъалаҳои мубрами об дар сайёраи Замин, ёдовар мешавем. Пай дар пай амалӣ гардидани иқдомҳои созандагию бундёкоронаи Пешвои миллат дар ҷодаи беҳтаргардонии ҳолати экологии муҳити зистро мо дар ҷаҳду талошҳои беназири Президенти маҳбуби худ, аз ҷумла дар ба кор даровардани ду агрегати НОБ-и Роғун, ба истифода дода шудани як қатор нерӯгоҳҳои хӯрди барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб, амалишавии лоиҳаи байналмилаии хати интиқоли барқи “Осиёи Миёна-Осиёи Ҷанубӣ-1000”( ОМОҶ-1000 ё CASA-1000), тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунандаи барқи обии Норак, Сарбанд, Қайроқум ва дигарҳоро баръало мушоҳида менамоем.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо инобати рушди беназири соҳаи энергетикаи кишвар, 16 сол пештар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Аҳли кормандони он барои амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омодасозии мутахассисони болаёқат барои бахшҳои энергетика ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, содиқонаву софдилона саҳм мегузоранд. Барои мо зарур аст, ки дар ояндаи наздик хатмкунадагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар раванди азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки зиёда аз 40 ҳазор МВт ва имконпазирии энергетикии онҳо ба 527 млрд. кВт.соат баробар аст, саҳми шоистае дошта бошанд. Бояд ёдовар шуд, ки ин рақамҳоро зиёда аз 900 дарёҳои хурду калони Ватанамон, ки аз онҳо соле то 82 млрд. метри мукааб об ҷорӣ мешавад, ба вуҷуд меоранд.

Бо арзи сипос ва эҳтироми самимӣ аз Ҷаноби Олӣ, Президенти давлатамон мебояд зикр кунам, ки айни ҳол мо дар бинои бо тарзи замонавӣ тармимгардидаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон қарор дорем, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат барои мо омода гашта, синфхонаву озмоишгоҳҳои он бо воситаҳои пешқадами техникиву технологии замони муосир ҷиҳозонида шудаанд.

Аз оғози фаъолияти худ то айни ҳол Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бештар аз 3240 мутахассисони болаёқати соҳаи барқро таълиму тарбия додааст, ки дар корхонаву муассисаҳои кишвар ва хориҷи он муваффақона меҳнат карда истодаанд ва ин боиси ифтихору сарфарозии коллективи меҳнатии донишкадаи мост. Имрӯз хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон: НБО Роғун, Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Сарбанду Бойғозӣ бо сари баланд дониши техникии худро амалӣ месозанд ва аксарияти онҳо ба бовариву эҳтироми аҳли меҳнатии ин коргоҳҳо сазовор гаштаанд.

Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкадаи мо ба маркази аз ҷиҳати илмӣ омодасозии омӯзгорони ҷавон табдил гардидааст. Дар донишкада барои таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи барқ зиёда аз 100 нафар омӯзгорони варзида, аз ҷумла номзадҳо ва докторони илм ба меҳнати софдилонаву самаранок машғуланд.

Бори дигар фарорасии иди касбии энергетикҳои Тоҷикистон-“Рӯзи энергетик”-ро ба ҳамватанони азиз табрику муборак гуфта, бо боварӣ изҳор медорам, ки аҳли устодону донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз уҳдаи вазифаҳои пурмасъулияти дар назди онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, ҷиҳати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони беҳтарини соҳаи энергетика, бо сарбаландӣ мебароянд.

Иди касбии кормандони соҳаи барқ “Рӯзи энергетик” муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Scroll to Top