Муҳтарам омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишкада, меҳмонони гиромиқадр, имсол мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми тоҷикзабонони олам дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои амну осоиш ва рушду нумӯъи Ватан таҷлил намуда истодаанд. 
          Пеш аз ҳама бо шарофати соҳибистиқлолӣ,  Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пай дар пай ва устуворона барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ҷаҳду талош варзида истодаанд. Агарчӣ дар 20-соли охир дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфта бошад ҳам, вале ба хотири бештар кардани тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои
2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. 
         Ҳамзамон, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ  287 нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид  ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикаи кишвар навсозӣ гардида, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ низ бунёд гардиданд.    
        Аввалин бор дар таърихи навини Тоҷикистон бо кашидани хатҳои нави баландшиддати нерӯи барқ миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки он устувории фаъолияти соҳаи энергетикаро таъмин намуд.
       Истеҳсол ва истифодаи “энергияи сабз” аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатпазири иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ҳоло дар мамлакат лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди НБО “Роғун” ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроқум” иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад. 
       Дастоваврду нақшаҳои ояндасози дар боло зикргардида моро, хусусан шумо-донишҷӯёнро вазифадор месозанд, ки илму технологияи муосир, инчунин забонҳои хориҷиро азхуд намуда, бо рафтору кирдору гуфтори неки худ намунаи дигарон бошем, дар оянда ҳамчун мутахассисони лаёқатманди соҳаи энергетика дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолият кунед ва дар ободию пешрафти ояндаи Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоред.
        Барои амалӣ шудани ин ниятҳои нек роҳбарияти олии мамлакат ва бахусус Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шарту шароитҳои зиндагию таҳсилро фароҳам овардаанд. Имрӯз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дорои синфхонаю озмоишгоҳҳои бо технолгияи навтарин ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла  78 синфхонаи таълимӣ,  28 синфхонаи озмоишгоњи замонавї ва зиёда аз 100 номгўи дастгоњу таљњизоти озмоишї  мебошад. Барои таҳсилу зиндагии арзандаи донишҷӯён бошад хобгоҳ барои 880 донишҷӯ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳ, ошхона ва китобхона хизмат мерасонанд.
          Зиёда аз 136 нафар профессорону омўзгорони донишкада, аз ҷумла 2 нафар доктори илм-профессор, 33 нафар саромўзгор-номзадони илм, 38 нафар саромӯзгор ва 60 нафар омӯзгорон (ассистентон) ба таълимию тарбияи донишҷӯён машғуланд.
     Танҳо дар шаш моҳи соли 2022 устодони донишкада соҳиби 8 адад патент барои ихтироъкорӣ, аз он ҷумла 3 адад дар хориҷи кишвар  гашта, ҳамзамон 2 монография дар хориҷи кишвар, 2-китоби таълимӣ, 8-дастури методӣ ва воситаҳои таълимӣ, 4 лавҳаҳои озмоишии амалкунанда омода карда, ба донишҷӯён пешниҳод намуданд. Инчунин, соли равон 3 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро муваффақона ҳимоя намуда, дорандаи унвони номзади илм гардиданд.
   

Аз аввали соли 2022 то имрӯз дар донишкада ду конференсияҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ ва як конференсияи минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳамбастагӣ бо КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Конференсияи бошукуҳи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, бахшида ба 25 –солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардиданд, ки барномаи онҳо зиёда 200 мақолаи илмиро дар бар мегирифтанд.
Дар соли таҷлили 31-солагии Истиқлолият дар донишкада ба хотири татбиқи амалии барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040” ва муаррифии дастовардҳои илмии донишҷӯён, унвонҷӯён, омӯзгорон ва дигар доираҳои илмӣ, аввалин нусхаи маҷаллаи илмии “Паёми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон” аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.
Ҳамасола дар донишкада ба тайёрии амалии донишљўён диќќати зарурї дода шуда, таљрибаомўзињо дар сатњи зарурї гузаронида мешаванд. Таљрибаомўзии донишљўёни донишкада дар асоси шартномањои тарафайн мувофиќи ихтисосњо дар зиёда аз 30 ташкилоту корхонањои саноатї ва нерўгоњњои барќии вилоят ва ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Тибқи мувофиқа бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, теъдоди муайяни донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони донишкадаи мо барои мукаммалсозоии донишҳои назариявӣ ва амалии худ ба донишкадаву донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Амрико, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Юнон, Италия сафарбар гардидаанд.
Инчунин, алакай соли дуюм аст, ки дар асоси созишномаи тарафайн миёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи нафту техникии шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия дар донишкадаи мо синфхонаи муштарак ташкил карда шудааст, ки донишҷӯёни тоҷикистонӣ соли аввали таҳсилро дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба итмом расонида, се соли таҳсили ояндаро дар Донишгоҳи бонуфузи нафту техникии шаҳри Уфаи Россия ба охир расонида, соҳиби дипломи мактаби олии Федератсия Россия мегарданд.
Ҳамин тавр, соли таҳсили 2021-2022 донишкадаи моро 480 нафар ва дар 16 соли мавҷудияти донишкада зиёда аз 3700 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм карда, дар нерӯгоҳу истгоҳҳои амалкунанда ва сохташаванда ба мисли НБО Норак, силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш, аз ҷумла НБО Сарбанд, НБО Сангтуда-1 ва Сангтуда-2, НБО Қайроқум, НБО Роғун, инчунин корхонаву ташкилотҳои ватанию хориҷӣ сарбаландона фаъолият доранд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.
Мо умед дорем, ки кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни донишкада бо масъулияти бузург аз соҳибистиқлолии Ватан, барои ояндаи боз ҳам хубтари зиндагӣ ва пойдорию ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, минбаъд ҳам саҳми сазовор мегузоранд.

       Бори дигар Иди фархундаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии      
 Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон  муборакбод мегӯям. 

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам