(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, 23-юми декабри соли 2022)
Имрӯз дар толори калони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бо ҳузури кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада, ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 23 декабри соли2022 зикр ёфтаанд, бо иқдомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илӣ-амалӣ таҳти унвони “Суботи сиёсӣ-асоси рушди устувори кишвар”, баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Холиқов Фирдавс Алиевич, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шораҷабов Абдунаим, корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Ҳалимов, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеъулло, сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Пеш аз оғози Конфересияи мазкур меҳмонон аз Маркази инноватсионӣ ва рушди истеъдодҳо дидан намуда, бо дастовардҳои ихтироъкорону навоварони донишкада ошноӣ пайдо карданд.
Конференсияро ректори донишкада дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, сухани аввалро ба муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Холиқов Фирдавс Алиевич доданд. Муҳтарам Холиқов Ф.А. дар баромади худашон бо далелу мисолҳои боэтимод дар бораи хатари гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои террориситию экстремистӣ дар мисоли Ҳизби наҳзати мамнӯъгардида, ёдовар шуда, таъкид карданд, ки донишҷӯёну кормандони донишкада бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои амнияти комили Ватан саҳмгузор бошанд.
Зимни суханронии худ муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеъулло дар бораи хатари ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маҳкум кардани он аз дидгоҳи дини мубини Ислом, ба тарзи саҳеҳу оммафаҳм маълумотҳои судмандро пешниҳод намуданд.
Баромади сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қодирӣ бошад дар мавзӯъи “Ҷавонон ва амнияти иттиллоотӣ дар масири ҷаҳонишавӣ” сурат гирифта дар он, ҷиҳати пешгирии амалҳои истифодабарии номатлубу ғайриахлоқии маъхазҳои шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонон, маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Дар анҷоми Конференсия аз номи аҳли толор мушовири ректори донишкада Аҳмадҷон Ализода баромад намуда, барои чунин як конференсияи ибратомӯз ба меҳмонон арзи сипос намуданд.
Конференсияро бо сухани ҷамъбастӣ ректори донишкада Исозода Д.Т. ҳусни анҷом бахшида, ба меҳмонон барои баргузор намудани ин чорабинии судманд изҳори сипос карданд.