Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидшо Асроров, муовини аввали ректори донишкада Зувайдулозода Файзулло Закир., муовини ректор оид ба тарбия Шарифова Заррина бо донишҷӯёи бахшҳои якум, дуюм ва сеюм “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Иштирокчиён зимни баромади худ, оид ба асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор баромад намуданд.

Боиси зикр аст, ки ин ташаббуси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон нақши муассир мегузорад.