Дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо мудирони кафедраҳо ва деканони навтаъиншудаи факултетҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинарро Ректори Донишкада н.и.к. Исозода Д.Т. кушода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Зимни суханронӣ Исозода Д.Т. диққати ҳозиринро ба вазифаҳои навбатии дар пешистода оид ба талаботҳо ва масъулияти роҳбарони навтаъиншуда ёдрас шуда изҳори боварӣ намуд, ки кадрҳои ҷавон сатҳу сифати корро бамаротиб беҳтар хоҳанд намуд.
Баъдан, тибқи рӯзномаи семинар, мутахассисони ботаҷриба суханронӣ намуданд. Семинари омӯзиширо муовини Ректор оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ н.и.п. Зувайдуллозода Ф.З. ҷамъбаст намуда изҳори боварӣ кард, ки кадрҳои ҷавону умедбахш донишҳои андӯхтаашонро дар амал ва босамар истифода хоҳанд кард.