Имрӯз дар Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Ректори Донишкада н.и.к. Исозода Д.Т., намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Азимзода Гуландом, Давлатзода Саид ва омӯзгорону донишҷӯёни чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ректори Донишкада ва намояндагони вилоят ҳозиринро ба оғози соли таҳсил табрику муборакбод намуданд ва ба ҳамаи онҳо сарбаландиву саодатмандиро таманно намуданд.
Суханронии ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, н.и.к. Исозода Д.Т. дар ҷамъомад бахшида ба Рӯзи дониш
Меҳмонони муҳтарам, устодону донишҷӯён ва ҳамкорони арҷманд, ҳамасола дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар соли нави таҳсилро бо дарси сулҳ оғоз менамоянд, ки ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Ба ин муносибат соли нави таҳсилро барои ҳамаи ҷамъомадагони ҳамоиши имрӯза табрик мегӯям ва аввалин дарсро хусусан барои донишҷӯёне, ки қадамҳои нахустини худро ба ин боргоҳи илму адаб гузоштаанд, аз дарси сулҳ оғоз менамоям.
Азбаски, дар замони аз нигоҳи сиёсӣ пуртазоди муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти хоса касб кардааст, бинобар ин имрӯз аҳли башар ба сулҳу оромӣ, ки муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошанд, зиёдтар эҳтиёҷ доранд.
Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузургу кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд. Чунки ҳанӯз даз оғози соҳибистиқлолӣ душманону хоинони миллати тоҷик бо пуштибонию маблағгузориҳои хоҷагони хориҷии худ халқи Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карда буданд.
Вале бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгарои тоҷик дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин, хисороти ин ҷанги шаҳрвандӣ бартараф ва барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушода шуд.
Имрӯз дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон роҳбарияти олии мамлакат барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон ҳамаи шароиту заминаҳоро фароҳам овардаанд. Боварии комил дорам, ки шумо-насли ояндасоз, муҳандисони оянда ба қадри истиқлолияту озодии Ватан мерасед ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз менамоед, илму технологияи муосир ва забонҳои хориҷиро азхуд мекунед ва бо дониши аълои худ соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун гашта, дар рушду нумӯъи ояндаи мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоред.
Ин лаҳзаҳо дар саҳни донишкада дар ин чорабинии тантанавӣ миқдори зиёди ҷавононе иштирок доранд, ки қадамҳои нахустини худро дар роҳи омӯзиши илму дониши техникӣ, илми энергетика, мегузоранд. Ҳамаи шумо ҷавонони хушбахти Тоҷикистони имрӯза ҳастед, ки Ватани мо дар дунё ҳамчун сарзамини аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ хеле сарватманд эътироф ва муаррифӣ гардидааст ва истифодаи самараноки ин захираҳои обии дарёҳои Тоҷикистон метавонад тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи мамлакатро садҳо маротиба афзун гардонад. Барои ҳамин хотир Президенти муҳтарами кишварамон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хоссаи ва доимӣ зоҳир менамоянд ва ҷаҳду талошҳо доранд, ки барои ин соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти кишвар мутахассисони лаёқатманд таълиму тарбият ёфта, омода карда шаванд.
Дар ин самт донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ки бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, яке аз манбаҳои аз ҷиҳати бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз будани синфхонаву озмоишгоҳҳо ва таъмини арзандаи шароити зисти донишҷӯён, ба шумор меравад.
Имрӯз дар корхонаву нерӯгоҳҳои хӯрду бузурги мамлакат, аз ҷумла Ширкати алюминии тоҷик, Ширкати нерӯҳои азотии Вахш, НБО-и Норак, Сангтӯда, Қайроқум, Сарбанд, сохтмони НБО-и Роғун ва ғайраҳо хатмкунандагони донишкадаи мо бо дониши мукаммали худ дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо ва дарси ибрат барои онҳое, ки аввалин бор паси мизи донишҷӯӣ менишинанд, мебошад.
Бо инобати он, ки имрӯз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо навтарин технологияи замони муосири синфхонаву озмоишгоҳҳо, шароити беҳтарини истироҳату фароғати донишҷӯён таъмин гаштааст, мо умед дорем, ки донишҷӯёни мо, ба хусус онҳое, ки қадамҳои нахустини худро ба дунёи илму маърифати техникӣ гузоштаанд, бо саъю талош ва иродаи устувор илму дониш меомӯзанд ва оянда ҳамчун мутахассисони пурқуввати соҳаи энергетика дар корхонаву нерӯгоҳҳои барқӣ фаъолият намуда, обрӯву нуфузи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро боз ҳам баландтар мебардоранд.
Иди Рӯзи дониш муборак бошад, устодон ва донишҷӯёни муҳтарам!