НОБ-и Роғун

Имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъалаи муҳим гузошта шудааст, ки яке аз он ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Воқеан ҳам ҳалқи тоҷик бо Пешвои сулҳофарин тавонист, ки ба ин ҳадаф расад. Ҳоло дар Тоҷикистон чунин нерӯгоҳҳои барқи обӣ амал мекунад:

1. НБО Норак бо тавоноии 3000 МВт

2. НБО Бойғозӣ бо тавоноии 600 МВт

3. НБО Сангтуда-1 бо тавоноии 670 МВт

4. НБО Сангтуда-2 бо тавоноии 220 МВт

5. НБО Сарбанд бо тавоноии 240 МВт

6. НБО Қайроққум бо тавоноии 126 МВт

ва чанди дигар дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

НБО-и Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО-и Роғун аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадомашон 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ба тавоноии 3600 МВт (беш аз 17 миллиард киловатт соат)-ро доро буда, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки НБО Роғун калонтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ дониста шуда, корҳои сохтмонӣ дар он 10 июли соли соли 1976 оғоз ёфта, 4 моҳ қабл аз истифодаи аввалин агрегати НБО-и Норак вараққаи шурӯъ намудан ба корро сардори минтақаи сохтмони Иттиҳодияи умумии иттифоқи «Гидроспецстрой» Б.П.Соболёв пур кардааст.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягона соҳа пеш намеравад

Санаи 29 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шахсан савори булдозери вазнин шуда, аз соати 10:00-и субҳ то 11:30-дақиқа, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал мавҷи дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди НБО Роғун, ки барои мардуми тоҷик ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Аввалин агрегати НБО Роғун санаи 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

Дуюмин агрегат бошад, 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба истифода дода шуд. Имрӯзҳо дар ин маркази нур зиёда аз 24 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба кори доимӣ ҷалб гардида, маоши ҳадди аққал 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ бунёди НБО-и Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати бунёди ин нерӯгоҳи аср саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

Хулоса фардои дурахшони мо тоҷикон аз бунёди Роғун вобаста аст, зеро Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёту пешравиҳои бузург мерасонад.

Ҷаборов Манучеҳр

Саромӯзгори кафедраи нерӯгоҳҳои барқии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон