Дар ин рисолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистонкишвари таҷовузгар нест?, ки аз 9 боб иборат аст, муаллиф бо истифодаи далелу санадҳо ва ҳуҷҷатҳои боэътимоди таърихӣ, инчунин харитаҳои солҳои гуногуни ташаккулёбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, даъвоҳои беасосу туҳматомези роҳбарияти сиёсӣ ва мақомоти амниятии Ҷумҳурии Қирғизистонро нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик қотеъона рад менамояд.

Ҳар як шаҳрванди боору номӯси Тоҷикистон, ки ин рисолаи хусусияти худшиносии миллидоштаро мутолиа менамояд, аз ҳақақати ҳоли бо ном баҳсҳои минтақавии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хубтар огоҳ мегардад ва нафраташ нисбати амалҳои ба талаботи қонунгузориҳо ва санаду меъёрҳои байналмилалӣ оид ба марзи давлатҳои ҳамҷавор ҷавобгӯ набудаи мақомоти давлатӣ, сиёсӣ ва ҳарбии Қирғизистон ба ҷӯш омада, омодагии худро ҷиҳати саҳм гузоштан дар раванди баргаргардонидани зиёда аз 210 ҳазор гектар қитъаҳои замини Тоҷикистон, ки дар 90 соли охир ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ, ҳамон ҳам бошад иҷора гирифта, вале пас гардондан намехоҳанд, иҳор менамояд.

Маҳз ҳамин рақам рӯзи 23 сентябри соли 2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дода буд, ки тибқи санадҳои таърихӣ ва расмие чун Қарори Президиуми КИМ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) аз 10-уми сентябри соли 1926, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 21уми декабри соли 1926, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927, Қарори Президиуми КИМ ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 (дар шакли сарҳадҳои байни ҶШС Ӯзбекситон ва ҶШФС Русия) ва Қарори Президиуми КИМ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 муайян ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ шудаанд.

Қитъаҳои замин, ки аз ҷониби мақомоти давлатию амниятии Қирғизистон ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд. Чуноне, ки дар боло зикр шуд, ин заминҳо бо истифодаи он, ки ҳарду ҷумҳурӣ ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд, аз нигоҳи ҳамсоягӣ ва гуфтаҳои аслан нодурусти “хешу табории тоҷику қирғиз”, инчунин санадҳои байни раисони ҷамоату ноҳияву вилоятҳои онвақта, ки ҳаргиз асоси қонунӣ надоштанд, бо талабҳои тамаъҷӯёна ва пурғаразонаи мақомоти давлатӣ ва сиёсии Қирғизистон ба иҷора гирифта шуда буданд.

Дар ин рисола тибқи ҳуҷҷатҳои қонунии таърихӣ нишон дода шудааст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти автономӣ ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Русия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (соли 1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст. Аз соли 1925 сар карда, роҳбарияти ин давлат боисрор аз паи амалӣ кардани ниятҳои азхудкунии истилогаронаи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда будаанд, то ки ҳудудашонро барои ба тумҳурӣ табдил додананшон мувофиқан зиёд кунанд.

Ҳамин тавр, бо талаби мақомоти идоракунии вилояти автономии ҳамонвақтаи Қирғизистон:

1) ҳанӯз аз соли 1926 бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926 ноҳияҳои Баска-Исфана ва Чапкулуки Тоҷикистон бо масоҳати умумии 180 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуданд;

2) бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 ҳавзаи ангишти Сулуктаи Тоҷикистон бо масоҳати 14 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуд;

3) бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 ҳудудҳои ҷамоати Замбуруч, аз ҷумла деҳаҳои Замборуч, Ҷар, Ҷизгон ва Чӯянчии Тоҷикистон бо масоҳати умумии 15 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудаанд.

Азбаски, дар бораи ба Қирғизистон гузаштани ин се қитъаи мушаххас бо масоҳати 209 ҳазор гектар ҳуҷҷатҳои расмии сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуданд, дар сурати асос қарор додани ҳуҷҷатҳои ин давра, ҷониби Тоҷикистон нисбат ба онҳо даъво ба миён намегузорад.

Аммо дар бораи минтақаҳои баҳсӣ ки бо баҳонаи иҷора гирифтан амалан ғасб шудаанд, аз ҷумла ҷангалзори Андараки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ бо масоҳатӣ 56 ҳазор га, бахше аз минтақаи Хистеварзи ноҳияи ҳозираи Бобоҷон Ғафуров бо масоҳати 84 ҳазор га ва минтақаҳои баҳсии шаҳри Исфара бо масоҳати умумии 61 ҳазор гектар, ягон ҳуҷҷати расмии қонунӣ вуҷуд надошта, тибқи тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ин қитъаҳои калон маҳз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштанду доранд.

Вале ҷониби Қирғизистон баҳсҳои бедалели хусусияти иғвогаронаю сарҳадшиканӣ доштаи худро бо пешниҳоди се бастаҳои ҳуҷҷатҳои беасосос, пайваста идома дода истодааст. Дар асл бошад, баррасиҳои мушаххас бори дигар нишон медиҳанд, ки ҳар се бастаи ҳуҷҷатҳое, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳуҷҷатҳои даврони шӯравӣ (1949, 1958-1959 ва 1989) барои музокироти марзӣ асос қарор доданӣ мешавад, эътибори зарурии ҳуқуқию қонунӣ надошта, ҳамчун санади байнидавлатӣ барои муайян карадни сарҳади давлатӣ асос шуда наметавонанд. Ин аст, ки ҳуҷҷатҳои солҳи 1924-1927 ва 1932 то имрӯз низ ҳамчун охирин ҳуҷҷатҳои устувор дар муайян кардани воқеияти таърихӣ ва хатти сарҳади давлатӣ боқӣ мемонанд.

Бо инобати талаботи санаду меъёрҳои давлатию байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокироти соли 2003 дар асоси талаби ҷониби Қирғизистон, ки мақсадаш бо сабаби ба поён расидани муддати иҷора, 50 000 гектар замине, ки Тоҷикистон дар водии Олой (Мурғоб) аз Қирғизистон ба муҳлати 50 сол (аз соли 1942) ба иҷора гирифта буд, ҳатман ба ин кишвар баргардондан буд, бо риояи ҳусни ҳамсоягӣ ва қонунписандӣ, соли 2004 ин заминро ба Қирғизистон баргардонд. Аммо имрӯз ҷониби Қирғизистон аз анҷоми ҳамин гуна амал нисбат ба заминҳои Тоҷикистон, ки тибқи шартномаҳо ҳатмӣ ва оддист, имрӯз худдорӣ мекунад ва агар ҳисоб кунем, ки замини зикршуда дар лаҳзаи фурӯпошии ИҶШС ва таъсисёбии ИДМ дар ихтиёри Тоҷикистон буд, пас Олой ба Тоҷикистон тааллуқ дошта, Қирғизистон онро ҳатман бояд баргардонад.

Ҳамин тавр, дар низоъ ва гуфтушунидҳои марзӣ, талош, ҳадаф ва манфиати ҷониби тоҷикистон баргардондани заминҳои қонунии худ аст. Аммо дар ин раванд талош, ҳадаф ва манфиати Қирғизистон бошад дар ихтиёри худ нигоҳ доштани ин заминҳои Тоҷикистон ва дар ниҳоят, ҳамчун қаламрави худ расмият бахшидан ба онҳост. Ба истилоҳи дигар, мавқеи Қирғизистон барнагардондан ва ба таври ниҳоӣ аз худ кардани ин заминҳост. Аз ин рӯ, дар ин баҳсу буҳрон мавқеъ, талош ва муборизаи Тоҷикистон барои баргардондан ё озод кардани қаламрави ғасбшудаи худ моҳияти одилона дорад.

Аммо ҷониби Қирғизистон, ки ҳоло заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, дар ин баҳс бо тамоми асосҳо ҳуқуқию мантиқӣ ҷониби ғосиб-агрессор ба ҳисоб меравад.

Хулоса:

Он 211 000 гектар замини зикршуда аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд;

Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад;

Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад;

Ҷониби Қирғизистон аз баргардондани заминҳои ғасбшудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад;

Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад;

Дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст;

Истодагӣ ва мавқеи давлат ва роҳбарияти кишвар дар ин масъала ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад;

Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозии хоки Ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Ин мавқеи бархақ ва дифоъи муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст.

Дар анҷоми рисола муаллиф ба маврид қайд кардаанд, ки доштани пояи мантиқӣ ва бовари рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос, барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад.

Аҳмадҷон Ализода,

мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Scroll to Top