Таҳти ин унвон имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро ректори Донишкада муҳтарам Исозода Д.Т. ифтитоҳ бахшида, ҳамаи устодон, донишҷӯён ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ин рӯзи хотирмон табрику муборакбод намуданд.

Баъди суханронии ректори Донишкада омӯзгорону донишҷӯён аз таърихи Парчам маърӯзаҳои пурмуҳтаво қироат намуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ дастаи “Нурафшон”-и Донишкада бо шеъру суруд дар васфи Парчам табъи ҳозиринро шод намуданд…