Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҷиҳати дар оянда бо ҷои кор таъмин кардани хатмкунандагони донишкада, бо намояндагони бузургтарин ширкатҳои системаи энергетикии кишвар: ТГЭМ(Тоҷикгидроэнерггмонтаж) ва ТоҷикСГЭМ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ, ки “Ояндаро бо ҳам месозем-Строим будущее вместе” ном дошт, намояндагони ширкатҳои мазкур хатмкунандагонро бо шарту шароитҳои дар корхонаҳои ин ширкатҳо ба таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд ба ҷои кор таъмин намудани онҳо, бо мисолҳои айёнӣ ва видеороликҳо, ошно гардониданд.
 
Дар раванди суҳбат ва презентатсияи шароити ба таҷрибамӯзӣ ва кор таъмингардии хатмкунандагони донишкада, ки хеле шавқовар сурат гирифт, теъдоди зиёди хатмкунандагон бо саволҳо баромад карда, аз ҷониби муттасадиёни ширкатҳои номбурда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ҳамзамон, донишҷӯён-хатмкунандагони донишкада дар раванди презентатсияи шароиту имконоти қабулу ба кор таъмингардонии хатмкунандагон дар ширкатҳои ТГЭМ(Тоҷикгидроэнерггмонтаж) ва ТоҷикСГЭМ, дар викторина-бозии шавқовари аз ҷониби меҳмонони ин ширкатҳо пешниҳодшуда фаъолона иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.
Умед аст, ки дар оянда ин вохӯрӣ барои муваффақона аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузаштан ва ба ҷои кори мувофиқ ва самаранок таъмин гаштани хатмкунандагони донишкада мусоидат хоҳад кард.