Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади бештар сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе ташаббуси наҷиб нишон дода ба сокинон баҳри ба “Шаҳри Сабз” табдил додани пойтахти Ватанамон муроҷиат намуданд.
Кормандону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ин иқдомро ҳамчун давоми мантиқии сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати сабзу хуррамгардонии ҳудуди донишкада, ба корҳои тирамоҳиву зимистонӣ вусъат бахшида, баҳри анҷом додани корҳои баҳорӣ омодагиҳои ҳамаҷониба гирифта истодаанд.
Ҳамзамон тасмим гирифта шуд, ки ҳар як корманд як дарахтӣ мешинонад.