НОБ-и Роғун

Тибқи тадқиқоту мушоҳидаҳои олимон  Осиёи Марказӣ дорои 170-180 км3 захираҳои  сатҳии обӣ мебошад, ки  90 фоизи он дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбад ва ҳаҷми захираҳои рӯизаминии об дар ҳавзаи баҳри Арал 116 км3-ро ташкил медиҳад.

Ҳамасола дар ҳавзаи баҳри Арал ба миқдори 167 км3 об ташаккул меёбад, ки танҳо 3 км3 он ба баҳри Арал ворид мегардад ва 148 км3  ё  90 фоизаш барои обёрии соҳаи кишоварзӣ сарф мешавад. Ҳаҷми обҳои дренажии ҳамасола дар ҳавзаи баҳри Арал ташкилшаванда ба 40 км3 мерасад, ки қариб 17 км-и он ба заминҳои пастхами биёбон ҷорӣ гардида, обанборҳои навро ба вуҷуд меоранд.

Соли 1960 масоҳати баҳри Арал 68 ҳазор км2-ро ташкил медод, ки ду баробари масоҳати Белгия буд. Дар зарфи 40 сол ҳаҷми оби ин баҳр 75 фоиз  кам шуд. Агар соли 1960 ҳаҷми оби ба баҳри Арал воридшуда 55 км3-ро ташкил медода бошад, пас ин рақам баъди 50 сол ҳамагӣ ба 3 км3 расид. Шӯрнокии оби ин баҳр агар соли 1960 ҳамагӣ 10 грамм дар як литрро ташкил дода бошад, пас соли 2007 ин рақам ба 120 грамм дар як литрро ташкил медиҳад.

Аз рӯи тадқиқоти  олимони соҳаи об масъалаи бо ном «камбудии об дар Осиёи Миёна» афкори сохтаи аз ҳад зиёди сиёсӣ буда, он дар натиҷаи нарасидани об не, балки аз фаровонии захираҳои об сар задааст. Имрӯз дар минтақа барои обёрӣ 148 км3 об истифода мешавад, ки аз меъёри обёрикунии лоиҳавии кишоварзӣ аз 2 то 2,5 баробар зиёд аст. Дар поёноби Амударё дар ҳудуди Ўзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон зиёда аз 300 обанборҳову кӯлҳо мављуданд, ки ҳаҷми оби онҳо аз ҳаҷми оби баҳри Арал 1,5 маротиба зиёдтар аст.  Кўлҳои калонтарини Ўзбекистон бо номи Сариқамӯш (масоҳаташ 4000 км2 ва ҳаҷми обаш 46 км3), Ҳайдаркӯл ва  Арнасой (тақрибан масоҳати ҳар кадомашон 3500 км2 ва ҳаҷми оби ҳар кадомашон 40 км3) ба ҳисоб мераванд. Танҳо ҳаҷми як кӯли Сариқамӯш аз ҳаҷми оби кӯли Сарези Тоҷикистон се маротиба зиёд аст.       

Солҳои 60-уми асри ХХ аҳолии Осиёи Миёна 21 миллион нафар ва миқдори заминҳои обёришавандаи он 2,7 миллион гектарро ташкил медод. Дар айни ҳол ин рақамҳо мутаносибан ба 60 миллион нафар ва 9 миллион гектар расидааст, ки 4,5 миллион гектари он ба Ҷумҳурии Ўзбекистон таалуқ дорад. Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад, ҳамагӣ 720 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда дорад.

Дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мутобиқи Конвентсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ метавонад 8 км3 оби ба ин кишвар тааллуқдоштаи дарёи Панҷу Амуро истифода барад, ки аз квотаи Тоҷикистон 10 баробар зиёд аст.

Ҷамъшавии оби обанбори Роғун  бошад ҳамасола аз ҳаҷми квота-саҳме, ки тибқи созишномаҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон ҷудо шудааст (0,8 км3 аз 148 км3 захираҳои обии барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифодашавандаи Осиёи Миёна) аз дарёи Вахш дар муддати  10-15 сол ҷараён мегирад. Агар  тағйироти солонаи ҷараёни табиии обро, ки 5-10 км3-ро ташкил медиҳад, ба назар гирем, гуфтан мумкин аст, ки ҳаҷми оби барои пуршавии обанбори Роғун  равонашуда тамоман ноаён мебошад, тавре, ки чунин ҳолат дар пуршавии обанбори Норак низ мушоҳида мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Љаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала чунин гуфтаанд:

«Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф  буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем. Бори дигар таъкид месозам, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои обӣ  умуман таъсири манфӣ намерасонад.     

Баръакс рушди соҳаи нерӯи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеи обу энергетика мебошад.      

Тибқи аслҳои (принсипҳои) устувори аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар садҳо асноди табиии байналхалқидошта дарҷ шудааст ва аз амалияи дар ҷаҳони имрӯза ҷойдошта низ возеҳ аст,  сарватҳои табиии дар қаламрави ҳар кишвар мавҷудбуда, қабл аз ҳама насиби ҳамон халқу миллат ва мардуми соҳибихтиёраш аст».   

Мувофиқи мушоҳидаву таҳлилҳои илмии олимони бузурги ҷаҳонии соҳаи  сейсмология дар тӯли 500 соли охир дар ҳудуди мавзеи сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ягон заминларзаи аз 6 балл зиёдбуда ба вуқӯъ наомадааст. Лоиҳаи НБО-и Роғун дар муассисаи лоиҳакашии «САО Гидропроект»-и шаҳри Тошканди Ўзбекистон тарҳрезӣ шуда,  пешбинӣ шудааст, ки он ба заминларзаи  9-балла ва зиёда аз он ҳам тобовар аст. Дар ин муассиса инчунин лоиҳаи НБО-и Норак низ омода гардида буд. Олимон ҳангоми омодасозии лоиҳаи НБО-и Роғун эҳтимолияту хатари геологӣ, экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии онро ба  инобат гирифтаанд.  Хусусан ба масъалаи бехатарии иншооту сарбанди нерӯгоҳ аз заминларза диққати ҷиддӣ дода шудааст. Агар баландии сарбанди НБО-и Норак 300 метр бошад, пас баландии сарбанди НБО-и Роғун ба 335 метр хоҳад расид. Асоси тарҳрезии лоиҳаи НБО-и Роғун ҳанӯз соли 1932-ум ва 1955-уми асри ХХ аз ҷониби олимони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки нақшаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва ҳолати геологии мавзеъҳои сохтмонҳои ояндаи гидроэнергетикии Тоҷикистонро муайян карда буданд, гузошта шуда буд.  Ба заминларза тобовар будани ин сохтмони азимро олимони варзида, директори Институти физикаи Замини Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ академик М.А. Садовский ва директори Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон академик С.Х. Неъматуллоев дар асоси тадқиқотҳои илмӣ муайян ва муқаррар намуда буданд.

Ализода А.А.,
мушовири ректори Донишкадаи
энергетики Тоҷикистон