Мо аҳли коллективи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, боз як амали иғвогаронаи Мақомоти олии қонунгузор – Парлумони Қирғизимтон, яъне баррасии тарҳи қонун дар бораи додани силоҳ ба сокинони қирғизтабору минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қирғизистонро маҳкум менамоем!

Додани силоҳ ба аҳолии осоиштаи қирғиз дар сарҳади Тоҷикистон амали номардона, аҳдшиканона ва иғвогаронаи навбатии ҷониби Қирғизистон мебошад. Боварии комил дорем, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мутахассисони болаёқати соҳаи ҳуқуқ дошта, ба чунин амалҳои ҷангҷӯёнаи амалдорони давлатию сиёсии Қирғизистон посухи қатъию сазовор хоҳанд дод.

Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз низоми сиёсии давлати тоҷикон устувор ва мардуми ин сарзамини аҷдодӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастанд.

Ҷониби Қирғизистон бояд хуб дарк намоянд, ки чунин амали номардонаи онҳо ба кор намеояд. Зеро мо мардуми нотарсу далери тоҷик барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон -Тоҷикистон ҳамеша омода будем, ҳастем ва хоҳем монд.

Зиҳӣ Тоҷикистон – зодгоҳи гурдофаридҳои далеру шуҷоъ ва ватандӯст!

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.