Таҳти сарварии ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ Тариқ ҷаласаи васеъи Шӯрои олимони Донишкада баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи ректори Донишкада Исозода Д.Т. дар бораи фаъолияти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, татбиқи лоиҳаҳо, донишу малакаи донишҷӯён, корҳои илмӣ –таҳқиқотии омӯзгорон ва дигар масъалаҳо шунида шуд.
Бо инобати хулосаҳои ҳисобот ва таклифу пешниҳодоти аъзои Шӯрои олимони Донишкада ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия қарори дахлдори Шӯрои олимон қабул гардид.