ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон-Тоҷикистон аз ҷониби олимон, сиёсатмадорон ва донишмандони маҳаллӣ оиди нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ мақолаву рисолаҳои зиёде омодаву пешниҳод гардидаанд. Дар мисоли таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон ва раванди ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон баъди ҳазорсолаҳо, ниҳодҳои ҷамеаи шаҳрвандӣ низ дар Ватанамон мунтазам ташаккул ёфтанд ва дар таъмини устувории пояҳои соҳибистиқлолӣ саҳмгузор ҳастанд. Ба фикри ман аз соли 1996 сар карда фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хубтар гардид, чунки ин давра худаш як давраи ҳассос ва тақдирсоз буд. Дар он лаҳзаҳо барои барқарор кардани иқтисоди аз ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида сулҳу субот чун обу ҳаво зарур буд. Дар фазои сиёсии кишвар низ таҳаввулотҳои ҷиддие ба амал омадан гирифтанд. Неруҳои сиёсию иҷтимоӣ дар заминаи мафкураҳои мухталиф гурӯҳбандӣ мешуданд. Ин табақаҳои гуногуни ҷомеаро ҷоннок гардонда, ҳар кадоме аз таҳаввулоти ба амаломада манфиат бардоштанӣ мешуданд. Чунин рангорангӣ, ки аз оғози эъмори ҷомеаи демократӣ ҳуқуқӣ ва дунявӣ дарак медод, бояд аз ҷониби мақомоти олии ҷумҳурӣ сарварӣ ва ҳидояту роҳнамоӣ мешуд. Сарфи назар аз фикру ақида ва назариёти мухталиф ҳар кадоми ин ҳизбу ҳаракату ҷомеаҳо ва созмонҳои иҷтимоию фарҳангӣ ҳадафҳои мушаххаси худро доштанд, ки чӣ гуна ҷомеае барпо кунанд ва аз кадом ғояҳо пайравӣ намоянд. Ҳамин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли ин мушкилот ба истиқболи мардум омаданд ва масъалаи ташкили Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистонро дар миён гузоштанд. Ба таърихи 1 марти соли 1996 намояндагони ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва марказҳои фарҳангии халқҳои сокини мамлакатро дар гирди як мизи мудаввар ҷамъ оварданд. Дар ин нишаст, ки ҳанӯз ҳам баъзеҳо ба оромию осудагӣ эътимод надоштанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Имрӯз вақти он расидааст, ки мову шумо раванди демократикунонии ҷомеаро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат бахшем. Мо бояд воситаҳои ахбори оммаро дастгирӣ намоем, то ин ки чун оинаи ҷамъият камбудиҳои асосии ҷомеаро ошкоро гӯянд, роҳи ҳалли баъзе масъалаҳоро пешниҳод намоянд, равандҳои хатарнокро пешгӯӣ кунанд ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мардумро бевосита дар ҳалли масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бештар намоён гардонанд. Мову шумо як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».
Инчунин дар нишасти мазкур Ҷаноби Олӣ бори аввал дар бораи ҷомеаи бисёрҳизбӣ сухан гуфта таъкид сохтанд, ки дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зӯроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Мақсади ҳар кадом ҳизб мутобиқи оинномааш рушду инкишофи Тоҷикистон, ободии мамлакат ва дар ниҳоят ба даст овардани қудрат мебошад. Ҳизби Халқии Демократии мо замоне ташкил гардид, ки аллакай соҳиби қудрат буд. Яъне аъзои асосии он аз ҳисоби шахсиятҳое буданд, ки дар ташкилотҳои ҳукуматӣ барои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар бештар талош менамуданд. Аз рӯзҳои оғози гуфтушунидҳои сулҳи миёни тоҷикон ҳизби мо дар ҷараёни он қарор дошт ва барои ҳарчи зудтар ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ талошу мусоидат мекард. Имрӯз бошад дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд гаштааст.
Ҳамон рӯзҳо Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоне ҳангоми сарҷамъ намудани неруҳои гуногуни сиёсӣ гуфта буданд: «Таъмин кардани шароити мусоид барои ҳаёти осоишта, ки гарави муҳими меҳнати созанда дар ҷамъият мебошад, аз бисёр ҷиҳат ба ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои дар мамлакат фаъолшиятдошта вобаста аст» ва ҳамзамон пешниҳод карданд, ки оиди ризоият ва ҳамбастагӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон бояд Аҳднома ба имзо расонда шавад. Ин ташаббуси Пешвои миллат дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ҳамовозии гармеро ба амал овард. Дар давоми ҳамагӣ як моҳ роҳбарони беш аз 50 ташкилотҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон имзо гузоштанд. Санади мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва шахсан Котиби генералии собиқи он Бутрос Ғолӣ баҳои баланд гирифт. Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурӣ нусхаи «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ба роҳбарияти мухолифини ҳамонвақта супруда шуд. Ҳамин тариқ, Аҳдномаи мазкур заминаи бисёр ҷиддие барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон гардид. Зеро, ки дар он ҳамаи масъалаҳои зарурии усулие, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо мухолифин мувофиқа шуда буданд, инъикоси худро ёфтанд. Масалан, созмон додани Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи ҳамон пешниҳодҳои ҷараёни музокирот аст, ки имрӯз ба як маҳфили хеле фаъол табдил ёфтааст.
Дар Шӯрои ҷамъиятӣ гирдиҳам омадани чандин ҳизбу ҳаракатҳои гуногунандешу мухталифмавқеъ далели равшани он буд, ки ғояи ризояити ҷомеа ба пирӯзӣ расида, раванди сулҳу салоҳ ба маҷрои зиндагӣ ворид шудааст. Ҳар як аъзои Аҳднома бо гузоштани имзо ҳамзамон ба зиммаи худ масъулияти бузургеро гирифтааст. Алҳол Шӯрои ҷамъиятӣ ба як механизми нодири кори сиёсӣ табдил ёфта, ҳамчун маркази машваратию таҳлилӣ фаъолияти пурмаҳсулеро ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба даст овардани сулҳу оромӣ дар кишвар, мустаҳкам кардани пояҳои давлат, таҳким бахшидани раванди ваҳдати миллӣ, эҳё ва истифодаи беҳтарин дастовардҳои таърихии халқу кишварамон, вусъат бахшидани дигаргунисозиҳои иқтисодӣ, муборизаи зидди ҷинояткорию коррупсия, тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологӣ, ба сомон мерасонад.
Имрӯз дар вилоят садҳо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла: ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои иҷтимоию фарҳангӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ фаъолияти густурда доранд, ки асосан ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: ташкилотҳое, ки дар фаъолияти худ танҳо ба нерӯи фитриву кӯмаки молиявии аъзои худ такя доранд ва ташкилотҳое, ки дар асоси грандҳои дохилӣ ва хориҷӣ амал менамоянд. Вале фаромӯш накардаем, ки аз рӯзҳои нахустини барқарорсозии сохти конститутсионии давлат аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Шӯрои олимони дини вилоят, созмонҳои миллию фарҳангии вилоят, инчунин як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба ваҳдат омадани миллат, фаъолияти неку созанда доштанд. Дар партави меҳнати софдилонаи аксарияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутаасифона, ташкилотҳое ҳам ҳастанд, ки бо роҳҳои гуногуни шубҳаовар соҳиби грантҳо, хусусан грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ гашта, фаъолияти онҳо камрангу бесамар ва барои шаҳрвандони аксаран номаълум мондааст.
Бо ифтихор ёдовар мешавем, ки мо хатлониён аввалин шуда, дар асоси дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 моҳи июли соли 1997 Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон баргузор намуда, садоқати худро ба Пешвои миллат намоиш додем. Баъдтар бо ишора ба шароити душвори сиёсиву ҳарбии маълуми ҳамон солҳо ва дар ҳамин шароити вазнин баргузор шудани ин маҷлис, дар Анҷумани дуюми ҲВМЭТ моҳи маи соли 2002-ум Раиси муаззами ин Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар карда буданд: «Раҳмати калон ба мардуми боору номӯси Хатлон, ки сарҷамъ шуданду пеши роҳи хоинони миллатро гирифтанд».
Дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси талаботи Қонун фаъолияти мекунанд. Аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» барои фаъолияти озодонаи аҳзоб имкониятҳои баробару одилонаро фароҳам меорад. Аз ҳамин лиҳоз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолият менамояд.
Дар фаъолияти худ ҲХДТ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, ҲХДТ манфиати мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна, зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
ҲХДТ яке аз аввалинҳо шуда, ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеа имзо гузошта буд. Дар ҷаласаҳои маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоии Шӯрои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок карда, ба масъалаҳои доғи мавриди баррасии он назари қотеонаи худро баён медорад ва мустақиман санадҳои ҳуқуқӣ ва проблемаҳои иҷтимоию сиёсиро барои муҳокимаи аъзои Шӯро манзур менамояд. Чунин иқдому ташаббусҳо ва ҳамкориҳои муштарак имкон дода истодаанд, ки ҳам обрӯю нуфузи ҳизб дар ҷомеа афзун гардад ва ҳам дар амри хайри пешрафту шукуфоии Ватани азиз ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат нақши босазо гузорад.

Аҳмадҷон Ализода,
мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон,
раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон