Дар намоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии Ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазоарти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳо, ихтироот ва макетҳои амалкунанда доир гардид.
                Дар ин намоишгоҳ-озмун устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Рафиев Саидбек, Марзбоншоҳи Саидаҳмад ва Самадов Рамазон дастовардҳо ва макетҳои амалкунандаи сохтаи хешро ба намоиш гузоштанд.
Дар ҷамъбаст аз рӯи натиҷаҳо дар маҷмӯъ Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон сазовори ҷои аввал дониста шуда, аз рӯи макетҳои пешниҳодшуда Рафиев Саидбек ва Самадов Рамазон бо Ифтихорномаҳо ва Марзбоншоҳи Саидаҳмад бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд