Ҳамватанони азизи Бадахшонӣ!

Баъди тамошои барномаи телевизионии “ Шикасти фитна” хостам фикру мулоҳизаи худро баён кунам. Дар ҳақиқат, ҳамаи он нафарони беору нангу беҳунару безаковат, ки бо амалҳои разилонаашон ба сарзамини Бадахшон ва фарзандони барӯмандаш иснод меоранд, сазовори лаънати халқу Ватан мебошанд.
Дар ин марҳалаи ҳассоси вазъияти сиёсии ҷаҳон, мо-ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, аз ҷумла мардуми Бадахшон бояд барои пойдории соҳибистиқлолии Ватан ва рушду ободиву озодии он бояд саҳмгузор ва дар ин ҷода ҳамқадам бо корвони замон бошем.
Эй ҳамватан, ба хотири шири сафеди модарон,
Шав ҳамқадам бо корвон, бо корвони ин замон.

Бародарону хоҳарони азизи бадахшонӣ!
Дар ин марҳалаи тақдирсози ватансозӣ мову шумо бояд фирефтаи дасисаҳои ифротгароён мисли Муҳаммадбоқир ва Алим Шерзамон, ки барояшон манфиати Ватан ва миллат ба пули пучаке ҳам қадр надорад, нашавем. Бадахшон зодгоҳи бадахшониҳост, вале як гӯшаи Ватани азизи ҳамаи тоҷикистониҳост, ки номаш Тоҷикистон аст. Зарур аст, ки ба хотири муқаддасоти ватандорӣ, мо-тоҷикистониён новобаста аз миллату мазҳабамон ҳамрайъу ҳамдил бошем:
Он забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ҳамватанони азизи бадахшонӣ!
Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад! Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Пешвои миллат аст, балки дар олами башарӣ ҳамчун Пешвои асри ХХI эътироф гардида, дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудааст.
Яке аз хизматҳое, ки Пешвои муаззами миллат нисбати ҳамватанони бадахшонии мо ба анҷом расонидаанд, ин фароҳам овардани шароиту имконот барои таъмини озодии виҷдон ва дину имондории мардуми ин минтақаи Тоҷикистон аст, ки баъди садсолаҳо мусалмонони бадахшонӣ бо Имоми ҳозири худ-Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV пайваста ва озодона дар иртибот ҳастанд.
Пас биёед дар рушду нумўи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем, ин шарафи бузург аст!

Бародарону хоҳарони азизи бадахшонӣ!
Бо ҷаҳду талошҳои фарзандони боору номуси Ватан, аз ҷумла мардуми Бадахшон, таҳти Сарварии Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои амалигардонии чор ҳадафи стратегии рушди Ватани азизамон-Тоҷикистон, аз ҷумла аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудани Бадахшон, чораҳои зарурӣ татбиқ шуда истодаанд, ки дар як муддати кӯтоҳи вақт роҳҳои мошингарди ВМКБ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Амнияти энергетикӣ ва озуқавории Ватан, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони бадахшонро низ таъмин месозем!
Шумо ҳам метавонед алорағми бадхоҳону душманони дохилию хориҷии Ватану миллат, дар рушду нумўи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошед, ин шарафи бузург аст!
Бигзаштаи мо як замон, афсона буд дар ин ҷаҳон,
Эй ҳамватан, бори дигар бунёд кун афсонаро.

Мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!
Дар марҳалаи кунунии ватансозӣ ва таъмини пойдории Истиқлолияти Тоҷикистон, дар ҳолате, ки қувваҳои ифротии дохилию хориҷӣ барои амалигардонии ниятҳои нопоки худашон сар бардоштаанд, барои мову шумо аз пештара дида нангу номўси миллӣ ва саҳми ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ заруртаранд, то дар сарзамини Тоҷикистон оромӣ ва субот ҳукмфармо бошад.
Ватан-Модар-Тоҷикистонро мо бо нерўву фитрати худ ободу сазовори давру замон мегардонем, на бо дасисаву хиёнаткориҳо!
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад,
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад.

Ҳамватанони бадахшонии азиз!
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик, аз ҷумла мардуми Бадахшон Соҳибватан ва Соҳибдавлат гардиданд, ки нишон ва сарчашмаи хушбахтӣ мебошад. Мутаасифона барои саркардагони гурӯҳҳои ифротӣ мисли Муҳаммадбоқир ва Алим Шерзамон дар маркази вилояти Бадахшон, ин чиз бегона аст. Мо метавонем бо амалҳои неки худ, бо омодагии пухта ва зиракии сиёсии баланд Соҳибватан буданамонро зоҳир кунем. Ин нангу номўс ва шараф аст!
Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,
Чӣ хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.

Бародарону хоҳарони азизи бадахшонӣ!
Танҳо дар чанд соли охири соҳибистиқлолии Ватани азизамон-Тоҷикистон давлату ҳукумати мамлакат садҳо таълимгоҳҳои бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидашудае сохта ба истифода додаанд, ки миллати тоҷик назирашро дар ҳазорсолаҳо надида буд, садҳо километр роҳҳо, нақбҳову пулҳои ба меъёри байналмилалӣ ҷавобгў сохтаву таъмир шуданд, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшиданд. Ва албатта ин дастовардҳо ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дахл доранд.
Бинобарон, фирефтаи ваъдаҳои дурӯғи душманону хоинони Ватан нагардида, бояд ба қадри давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҷону дил бирасем ва онро ба қадри ҷон ҳифз намоем, ки ин шарафи бузург ва орзўву ормони ҳазорсолаи гузаштагонамон мебошад!
Дар пардаи субҳ Меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷою Точикистон яктост.

Ҳамватанони азизи Бадахшонӣ!
Боварӣ дорам, ки кулли мардуми сарбаланду фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон новобаста аз амалҳои баъзе афроди нохалафи бетафаккур мисли Муҳаммадбоқир, Алим Шерзамон ва ҳамроҳонашон, сиёсати дохилию хориҷии роҳбарияти олии кишварро ҷонибдорӣ менамоянд. Воқеан, аз ҷониби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, аз ҷумла мардуми боору нанги Бадахшон дастгирӣ ёфтани сиёсати дохиливу берунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Пешвои асри 21, Раиси ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои таъмини пойдории давлату фарҳанги миллиамон равона гаштааст, далели дарку эҳтироми адолату адолатпарвар мебошад.
Саломативу тавоноӣ нишонаҳои муваффақиятанд, вале ҳатто онҳо ҳам бе муҳаббат ба Ватану Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳеҷанд, пас вой бар ҳоли маъюбони хиёнаткор!

Ҷавонони азизи бадахшонӣ !
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бароямон шароиту имконоти фаровоне фароҳам овардааст, то ки:
– дар андешаамон озод бошем вале андеша ба хотири озодӣ, ободӣ ва рушди Тоҷикистон бошад;
– дар гуфтугўямон ҳамеша мантиқ бошад, то манфиати Ватану давлати Тоҷикистон коҳиш наёбад;
– дар амалҳоямон ҳамеша Қонун риоя шавад, чунки лаҳзае зиндагӣ дар доираи талаботи Қонун беҳ аз миллионҳо соли мавҷудият дар беқонунист, ки асосаш торикӣ, ҷоҳилӣ ва разолат мебошад.
Вақти он расидааст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро, ки орзую ормони ҳазорсолаи миллат аст, ба қадри ҷон ҳифз намоем!
Сарвати ман хоку санги ин Ватан,
Обрӯям ному нанги ин Ватан.

Ҳамватанони азизи Бадахшонӣ!
Вақте, ки дар бораи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф мезанем барои мардуми Ватандору боору номуси бадахшонӣ хеле дилнавозу фараҳбахш садо медиҳанд, вале ба бадхоҳони давлату миллат ба монанди ҷинояткорон Муҳаммадбоқир, Алим Шерзамон намефорид, чунки ҳақиқату адолат барояшон гўшхарош аст.
Бедил аз шаппара кайфияти хуршед мапурс,
Ҳақ ниҳон нест вале хиранигоҳон кўранд.
Мо шаҳрвандони Суғду Хатлон, Ҳисору Раштозамин дар якҷоягӣ бо мардуми шарафманди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корвони ободиву озодии Ватани азизамон-Тоҷикистонро зери роҳнамоии Президенти давлатамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили умеду орзуҳо мерасонем!

Бародарону хоҳарони азизи Бадахшонӣ!
Маълум аст, ки афроди ҷиноятпеша мисли Муҳаммадбоқиру Алим Шерзамон бадбахтона барои ободию оромии Ватан ҳеҷ як амали некро ба сомон нарасонидаанд. Вале, вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, аз ҷумла мардуми бофарҳангу ватанпарасти Бадахшон ба воқеияти рӯзгор назари боадолатона намуда, бояд боҷуръатона аввал аз худ ва наздикони худ дараҷаву сифати саҳми гузоштаашонро дар рушди Ватан бисанҷад ва муайян кунад. Охир Ватани моро танҳо худи мо метавонем ободу тараққикарда кунем, дигарон не!
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Бародарону хоҳарони азизи Бадахшонӣ! Дар роҳи ободиву озодии Ватан саҳми ҳамагонӣ зарур аст. Дар ин ҷода ба бетарафӣ, бегонапарастиву бегонафитратӣ ҷой нест. Пеши роҳи онҳоеро бояд бигирем, ки дар ин Ватан ҳатто барои худу волидайнашон ҳам як хиштро болои хиште нагузоштаанду дар ҳама ҷо ва аз ҳамаи воситаҳо барои сиёҳ кардани давлати ҷавони Тоҷикистону Президенти он тўҳмат мезананд. Мо ҳамчунон, ки рўзии худро ҳамчун обу нон, ҳар рўз аз замин дарёфт мекунем, бояд баҳраи рўзонаи худро, ки имони зинда ва шодоб аст низ аз осмон ба даст оварем. Имон чун чашмае бояд ҷорӣ бошад, вагарна ба ботлоқ табдил меёбад. Муҳаббат ба Ватан низ аз гўшаи имон аст. Тоҷикистонро дўст доред, ки он аз муқаддасоти зиндагии мост.
Хона ёбад мўр дар як зарраи хоки Ватан,
Беватан дар рўи сад дунё наёбад сарпаноҳ.

Ализода А.А., мушовири ректори ДЭТ

ПОЯДА БОД СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН
Дарёи Ваҳдати Тоҷикистони – Ватани азизи мо бо шӯру туғён ба пеш меравад. Хиёнатпешаҳо ва ватанфурӯшонро маҳв месозад ва чун мурдор оқибат дар соҳили фаромушӣ ва бекасию беватанӣ парт мекунад. Зеро халқҳои Тоҷикистон ҳар рӯз хиштеро руӣ хишт мегузоранд. То қасри шуҳрати Ватани соҳибистиқлолиамон баландтару зеботар шавад. Бо ин амал ватандорони асили бо нангу номус таърихи Ватани соҳибистиқлолиамонро бо ҳамаи ҳунар ва ҳарфи дӯстдорӣ эҷод мекунанд ва аз эҳёи миллати шарафманди қадимае баъди ҳазор сол мужда мерасонанд.
 
Зувайлдуллозода Ф.З.. муовини ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
ТОҶИКИСТОН БОЗ ҲАМ БА ПЕШ
Рушду тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистони азизи мо дида мешавад. Аммо душманони дурӯғбофу дасисакори Ватан мисли сагони дастомӯз ва фармонбардори хоҷагони хориҷии хеш ба сӯи корвони сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки марзҳоро убур карда, дар ҷаҳон эътироф шудааст беист аккос мезананд. Вале нотавонбиниву хурдагирии бадхоҳони миллат раванди созандагиву ободиро суст намекунад.
 
Шарифова З.Ҷ. муовини ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
ҲАЙФ БАР ХОИНОНИ ВАТАНФУРӮШ
Душманони миллати мо бо роҳи дурӯғбофӣ ғаразҳо ва кинаварзи хешро ҳақ қаламдод карда, мардуми бедору ҳушёри Тоҷикистонро фиреб доданӣ мешаванд. Аммо тири онҳо ҳар дафъа гашта, ба синаи худашон мезанад. Аз ин хулоса намекунанд шармандаанд, шармандатар мешаванд. Тасаввур кунед одаме, ки номи тоҷикиро дорад, Ватанаш Тоҷикистон аст, бо кӯмаку маблағгузорӣ ва ҳидояти хоҷагони хориҷиаш ба сӯи ватану миллати хеш санги ҳақорат ҳаво медиҳад ва аз ин кораш фараҳмандӣ мекунад, ин гуна одамон ба ботлоқи кина ғӯтида, баҳри ба ғаразҳои нопокашон ба кори аз ҳама паст даст мезананд.
 
Обидҷони Ш.Ҷ. муовини ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
БАДХОҲОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад.
Агар Муҳиддин Кабирӣ аз ҳамаи ин ва асос аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекард.
 
Муҳаббатов Ҳ.. муовини ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ ХУД
Заминаи аслии он ҷавононе, ки дар баъзе аз минтақаҳои ВМКБ, даст ба ҳар гуна амалҳои хиёнаткорона ва ноҷавонмардона мекунанд, дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ дониста мешавад. Хушбахтона, сиёсати давлати тоҷикон ҷанбаҳои хуби сиёсиро аз бар намуда, намегузорад, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Ин омили он аст, ки мардум аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари хирадманди хеш ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоянд.
 
Абдуалиев Б. омӯзгори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ
Дар урфият мегӯянд, ки “Чоҳкан зери чоҳ”. Ин гуфтаҳо ҳақ асту рост. Шахсе, ки дар дил кинаву адоватро мепарварад, доимо дар пайи нафсу ҳаваси худ аст, шахсе, ки дар фикри ба даст овардани маблағ ва онро ба ҷои баҳри ободии давлату миллат сарф кардан, баръакс ба несту нобуд сохтани он сарф мекунад, ба ҷои ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ тарбия кардан, баръакс ба ҷинояткорӣ талқин менамояд, шахсе, ки ба ҷои саҳм гузоштан дар ободиву осоиштагӣ ва пойдории сулҳу субот, баръакс осоиштагии давлату миллат ва осоиштагии ҳаммиллатони хешро халалдор месозад оқибат ба ҷоҳ меафтад. Ҳамдиёрони азиз биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонем, инчунин баҳри пойдории сулҳу суботи он сидқан талош намоему, беш аз ҳар вақта дида ҳушёру зийрак бошему ба дурӯғҳои хиёнаткорону бадхоҳони миллат дода нашавем.
Раҷабов Р. корманди
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
ЗИҲӢ! ЭЙ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДИ ТОҶИК
Воқеаҳое, ки моҳи май то ин ҷониб баъзе ноҳияҳои ВМКБ-ро фарогиранд, воқеан ҳам кули мардуми Тоҷикистонро, нигарон кардаанд. Зеро воқеаҳои мазкур, шояд бо дастуру маблағгузориҳои неруҳои беруна роҳандозӣ шуда, ҳадафи ҷудоиандозиро дар ҷомеаи Тоҷикистон пайгирӣ менамоянд, сулҳу суббот ва ваҳдати миллии моро халалдор намуда, боиси бори дигар тира гардидани фазои орому беолоиши ҷомеаи тоҷикон мегарданд.
Билоли Ҳигматулло, омӯзгори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати тоҷикон сиёсати созанда буда, барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидани давлати мо мусоидат менамояд ва муарифгари хиради волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ гаштааст. Аз ҷумла сиёсати давлати тоҷикон дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ки душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод намуда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад, мақбули ҷаҳониён гаштааст.
Рафиев С. корманди
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
БАРОИ БАДХОҲИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ, НАНГУ НОМУС МУҲИМ НЕСТ
Сарвари давлати тоҷикон таъкид менамоянд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад” Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми босаводу боақли мо фирефтаи фиребу найранги ифротгароён ва хиёнаткорон намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд.
Асадуллозода С. корманди
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
БАР ОДАМИ БЕНАНГ, ВАТАН ҲАЙФ АСТ…
Маълум аст, ки оби дарё аз обнӯшии саг мубир намешавад, вале ин хоинони миллати тоҷик ба ҳар даре, ки сар мехалонанд ба ҳар коре даст мезананд, саркуфта мешаванд. Номусу шараф, ки надоранд, сафсата мебофанд. Дурӯғ мегӯянд. Ҳар дафъа тирашон хок мехурад. Онҳо аз дасисабозиву фитна эҷодкунӣ обрӯ эътибор ва шаъни инсониро аз даст дода, чор мезананд, ки дар Тоҷикистон пешрафту комёбӣ нест. Лекин мардуми бофаросати дунё медонад ва мебинад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге сомон ёфтаанд.
Рашидов А.омӯзгори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
АШХОСЕ, КИ ВАТАНИ ХУДРО БАР ИФАЗИ МАНФИАТҲОИ ШАХСӢ МЕФУРУШАНД
Ҳамон шахсоне,ки барои пулу мол шуда бар Ватани худ хиёнат мекунанд, мисли баъзе имрӯза ноҷавонмардони шаҳр ва навоҳии ВМКБ бар онҳо Ватан ҳайф аст. Барои ин гуна одамон шарафу номуси ватандорӣ барин сифати олии инсонӣ вуҷуд надорад. Онҳо кайҳо ба маҳлуқҳои одамшакл мубадал шудаанд, ки бо фармони маблағгузорони хориҷиашон ба Ватан хиёнат мекунанд.
Гулмонов У. омӯзгори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
ПОЯНДА ВА ҶОВИДОН БОД МИЛЛАТИ САРБАЛАНДИ МАН!
Итминон дорем, ки халқи сарбаланду фарҳангсолори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фирефтаи мудаиёну тарѓибгарон ва дасисабозони берунию дохилӣ нагардида, аз пайи тафриқаандозону ҷудоиандозон нарафта, ваҳдату якпорчагии кишварро нигоҳ медоранд ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри якпорчагии кишвар ва ваҳдату ягонагии миллат кӯшиш хоҳанд кард.
Ҳаитов Бахтовар, омӯзгори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
Scroll to Top