Имрӯз дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Кори мизи мудавварро ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи рисолати бузурги забони тоҷикӣ дар ҷомеаи башарӣ ҳамчун забони тамаддунофарӣ изҳори ақида намуд.
Бо суханронии худ Абдуалиев Б.С. дар бораи Тарҳи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ маълумоти муффасалро ба иштирокдорони мизи мудаввар пешниҳод кард. Баъдан омӯзгори Донишкада Имомов Х.Т. оиди Нақши забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ баромади илмӣ-оммавӣ намуд.
Дар суханронии мушовири ректор Ализода А.А. сухан дар бораи таърих, иқтидор, зарфият ва илмияти забони тоҷикӣ рафт.
Маҳфили мизи мудавварро ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Д.Т. ҷамъбаст намуда, ҳозирин ва тамоми ҳамватанонро бо Иди забони давлатӣ табрик намуданд.