Дар толори фарҳангии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки Латифзода Т. ва Сафарзода С., намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрӣ бо кормандон, устодон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Моҳият ва муҳимияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

Сараввал ректори Донишкада Исозода Д.Т. вохӯрии мазкурро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмононро ба Донишкада хайрамақдам гуфтанд.

Дар вохӯрӣ Латифзода Т., корманди Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо маърӯза баромад намуда, таъкид намуданд, ки «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз барномаи муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия маҳсуб ёфта, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои давлатӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Дар охир омӯзгорону кормандон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифта, ҳамчунин ректори Донишкада ба меҳмонон барои ҳамкорӣ дар сатҳи коҳиш додани ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз ин кирдори номатлуби ҷомеа изҳори миннатдорӣ карданд.