Имрӯз дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо конференсияи илмӣ- назариявӣ бахшида ба “Рӯзи Артиши миллӣ” таҳти унвони “Посбонони шуҷоъи Ватан” баргузор гардид.
Конференсия бо иштироки Муовини Ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ н.и.п. Шарифова З.Ҷ. мудири кафедраи забонҳо н.и.ф.дотсент Юсупова З.Р., омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Баромадкунадагон дар маърӯзаҳои худ қайд намуданд, ки
Ҳимояи марзи муқаддаси Ватан шараф ва нангу номуси ҳар як шахс маҳсуб меёбад.
Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, азизу муқаддас нигоҳ доштани ҳар ваҷаб хоки диёр ин танҳо дар сухан ва ситоиш намудани он нест, балки мардонавор ҷони худро сипар ва вуҷуди худро ҷавшани Ватан намудану қарзи фарзандии худро дар сафҳои Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳи он адо кардан аст. Вале мутаассифона имрўз баъзе аз ҷавонон ин шараф ва эътибори бузургро, ин фурсади тиллоии исботи мардонагиро аз даст дода, аз муқаддастарин қарзи ҷавонмардӣ-хизмати модар- Ватан сарпечӣ мекунанд.
Падарону бобоёни шарафманди мо дар душвортарин солҳо дар ҳассостарин шароит, солҳое, ки дар мамлакати мо чунин рўзҳои пурсаодатро орзу мекарданд, дар он солҳое, ки кишвари мо зери хатар буду мардони хона берун аз хона рафта умеди баргаштан надоштанд. Аммо аз хизмати модар-Ватан худро канор нагирифтанд. Ҷони азизи худро қурбон намуданду дар баҳои он ин замони осоиштаву ором, зиндагии шоиста, Ватани соҳибистиқлол ва фазои дӯстиву рафоқат ва якдиливу ваҳдатро ба мо чун мероси гаронбаҳо ҳадя намуданд. Ин ватани дилрабову ин зиндагии осудаи кишвари худро ҳифз намудану ба қадри Истиқлолияту амнияти он расидан барои ҳар як ҷавононмарди имрӯза исботи садоқат мебошад.
Дар охири конференсия қайд намуданд, ки Ҷавонон танҳо бо роҳи ҷасуриву далерӣ ва мардонавор, бо сари баланд хизмати модар –Ватанро ба ҷо оварда ва ин хизматро аз дилу ҷон адо намуда, мардонагиву вафодорӣ ва садоқати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии худро исбот карда метавонанд. Бояд қайд кард, ки имрӯз шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ, иқтидори мудофиавии Аритиши миллии Тоҷикистон нисбат ба даҳсолаҳои охир дар дараҷаи хуб қарор дошта, ягон душворӣ дар ин самт мавҷуд нест.
Ҳарчанд вазъи сиёсии печ дар печу мураккаби имрузаи минтақа ва ҷаҳон мо ҷавононро водор ва ҳушёр месозад, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан, таъмини истиқлолият, иқтидори мудофиавии он саҳмгузор бошем ва бо нангу номуси ватандустиву мењанпарастӣ ва хештаншиносӣ қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо биёрем.
Ногуфта намонад, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумњурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, доимо барои беҳбудии шароити маишиву хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ва аз ҳаёту зиндагии онҳо бохабар гашта, чораҳои дахлдор меандешад.
Ҷавонони бонангу номуси ватандӯст, ки имруз дар сафҳои артиши миллӣ адои хизмат мекунанд, боиси эътимоду боварӣ ва ифтихори Пешвои миллат мебошанд.
Ба ин муносибат ман ба халқи бузурги тоҷик ҷашни таъсисёбии рӯзи Артиши миллиро сидқан ва самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди тоҷик сулҳу осоиштагӣ , дӯстиву рафоқат ва дастурхони пур аз файзу баракатро орзумандам.