Рӯзи 22-юми декабри соли 2023.дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсияи байналхалқӣ бахшида ба рӯзи энергетикҳо дар мавзуи “Энергетика-соҳаи калидии рушди иқтисодиёти миллӣ”баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории конференсия рушди малакаву маҳорат ва ташаббуси донишҷӯён, магистрон ва аспирантҳо , ки азхудкунии касбу ихтисосҳо дар соҳаи энергетитка, фаъолияти омӯзгорию тадқиқотӣ ва эҷодиёти илмию техникӣ буда инчунин барқарор намудани робитаҳои эҷодӣ, табодули таҷриба ва рушди навовариро низ дар бар мегирад.
Нахуст иштирокчиёни конференсия аз намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимии устодону донишҷӯёни Донишкада дидан намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ оғоз ёфт. Муҳтарам ректор иштирокдорони конференсияро хайра мақдам гуфта зикр намуданд, ки бо шарофати фазои орому вазъи хуби сиёсию ийтисодию иҷтимоии кишвар, солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, аз ҷумла дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баргузор намудани чунин конференсияҳои илмию амалии байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки он барои саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи илму маориф ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ , тавассути омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи энегетика мусоидат хоҳад кард. Инчунин қайд намуданд , ки Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон равобити илмию таҷрибавии худро бо 50 муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ мондааст.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Донишкада гурӯҳи муштарак бо Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфаи ФедератсияиРусия аз рӯи формати (1+3) дар шакли мобилияти академӣ ва таълими шабакавӣ амал карда истодааст.Ректори Донишкада бори дигар меҳмононро хайра мақдам гуфта ба кори конференсия барору комёбиҳо таманно намуданд.
Сипас қисмати пленарии конференсия шуруъ гардид ва як қатор олимон маъруза намуданд. Баъдан конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод.Бояд қайд намуд,ки ба кори конференсия зиёда аз 70 мақола аз муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия тариқи маҷозӣ (онлайн) ширкат варзиданд.