Имрӯз 25 апрели соли 2024  баргузории Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Саноаткунонии рақамӣ ва рушди энергетика аз нигоҳи олимону муҳаққиқон” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 ”Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон  баргузор гардид.  

Дар оғоз кори конференсия ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Исозода Диловаршоҳ Тариқ меҳмононро ҷиҳати ташрифашон ба Донишкада хайрамақдам гуфта, изҳор намуданд, ки “сипосгузор аз онем, ки ҳамасола ба конференсияҳои байналмилалии Донишкада, ки ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор мегарданд, бо як эҳтироми хоса таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иштирок меварзед”.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати илм ва инноватсияи  н.и.т. Ниёзӣ Сироҷиддин Раҷаббоқӣ ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои олии касбии дохилӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Аз ҷумла маърӯзаҳои олимони хориҷӣ аз кишварҳои Белоруссия, Россия, Казоқистон ва Ӯзбекистон бо тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ пешниҳоди аҳли илм гардиданд.

Чорабинии илмии мазкур бо иштироки олимону мутахассисони марказҳои илмии бонуфузи дохилӣ ва хориҷӣ барои боз ҳам баланд шудани сатҳи таҳқиқоти бунёдии илмӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд муҳим ва амалан яке аз сарчашмаҳои асосии ивазнашавандаи ғояҳои созандаи рушди илм  ва саноаткунии рақамӣ дар ҷаҳони имрӯза шумурда шуд.

Scroll to Top