Дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқгардидаи раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки ретори Донишкада номзади илмҳои кимиё Исозода Диловаршоҳ Тариқ, муовини ректор оид ба таълим, идораи сифати таҳсилот ва мобилияти академӣ н.и.п. Зувайдуллозода Ф., муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷӣ н.и.т. Обидҷони Қ., омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки дар конференсияи мазкур мавзуъҳои мубрами рӯз, масъалаҳои глобалии марбут ба хатари терроризм ва эктремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротии террористиву экстремистӣ, ҳифзи Истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат аз душман ва инчунин истифодаи дурусти интирнет дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ин конференсия омӯзгорон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла  дар мавзуи “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҳуқуқшиноси Донишкада Исмоилов С., “Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм”, сардори Маркази табъу нашр Абдуалиев Б.,“Таълимоти ифротгароӣ ва тундгароӣ –падидаи хатарноки иҷтимоӣ”, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди неруи инсонӣ Асоев С., “Пешгирии  ҷавонон  аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ”, маърӯзахон сардори Маркази рушди истеъдодҳо ва парки технологӣ Билоли Ҳигматулло ва “Террорист – Ватан, миллат ва дину мазҳаб  надорад”, муҳаррири нашрияи “Нурафшон”-и Донишкада Қурбонов Акмал маърӯзахонӣ карданд.