6-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
                Дар Конференсияи мазкур муовини Раиси вилояти Хатлон н.и.и. Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, мушовири Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Ализода Аҳмадҷон ва инчунин занон-олимаҳо аз ҳамаи ноҳияҳои вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.
                Сипас иштирокдорони Конференсия ба панҷ гурӯҳ тақсим шуда, корро дар панҷ бахш идома доданд.
                Пас аз анҷоми кор дар бахшҳо дар толори асосӣ аз кори Крнференсия  натиҷагирӣ карда шуда, маърӯзаҳои беҳтарин ва иштирокчиёни беҳтарин бо Сипоснома ва тӯҳфаҳо қадр карда шуданд.
                Дар фарҷом Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода изҳор дошт, ки ин анъанаро идома дода, дар дигар ноҳияҳои вилоят низ чунин чорабиниҳо баргузор карда хоҳанд шуд.