КӮШОНИЁН: /07./05./2022/ Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси ноҳия Қаҳҳорзода Н., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳакимзода М. Ш., ректори донишкада Исозода Д.Т ва дигар меҳмонон маросими бошукуҳи гусели 89 нафар хатмкунандагони донишкада ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор гардид. Дар Донишкадаи энергетикӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои ихтиёриён таъоми идона ва баҳри болидаруҳии онҳо чорабинии тантанавии фарҳангӣ доир карда шуд. Ҳамзамон, дар чорабинии тантанавӣ аз ҷониби ректори Донишкадаи энергетикӣ Исозода Д.Т., донишҷӯёнро ҷиҳати хатми бомуваффақияти Донишкада ва ихтиёран сафарбар гардидан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, инчунин бахшида ба 9-май Рӯзи ғалаба табрик намуд. Инчунин, Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Қаҳҳорзода Н., табрикоти раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода И.С., ба ҷавонони ватандӯст ва маъмурияти Донишкадаи энергетикӣ баҳри тарбияи баланд додан ва ихтиёран сафарбар намудани хатмкунандагон расонид. Маъмурияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён низ иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Донишкадаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёнро манфиатовар дониста, ба падару модарони ин хатмкунандагон барои тарбияи дурусти фарзандонашон изҳори миннатдорӣ намуд.