Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ

Дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсила вохӯриҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар нимсолаи аввали соли 2022, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар факултаи муҳандисӣ ва иқтисоди соҳавии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, вохӯрии масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо донишҷӯён, доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин, вобаста ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии нашъамандӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Вохӯриҳо бо усули факулта ба факулта дар доираи бандҳои дахлдори нақшаи болозикр, мунтазам идома дода мешавад.

Scroll to Top